https://sputnik.tj/20230320/s7-khatsayr-novosibirsk-dushanbe-taftish-oghoz-1055639739.html
S7 ба хатсайри Новосибирск — Душанбе 12 касро роҳ надод: тафтиш оғоз шуд
S7 ба хатсайри Новосибирск — Душанбе 12 касро роҳ надод: тафтиш оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Аксар вақт ширкатҳо фармоиши аз ҳад зиёдро истифода мебаранд - онҳо барои ба даст овардани бори ҳадди аксар чиптаҳоро нисбат ба ҷойҳо дар бештар мефурӯшанд
2023-03-20T15:52+0500
2023-03-20T15:52+0500
2023-03-20T15:52+0500
дар тоҷикистон
парвоз
русия
тафтишот
нақлиёт
ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/15/1042392919_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_9fb6460e5685858ed1f3dfe98596f5c8.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Русия S7 ба 12 мусофири хатсайри Новосибирск-Душанбе иҷозаи парвоз надод. Вобаста ба қазия ҳоло додситонии маҳаллӣ ба тафтиш оғоз кардааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти додситонии нақлиёти Сибири Ғарбӣ, фурудгоҳ барои роҳ надодани мусофирон ба парвоз ягон далели кофӣ надошт. "Ширкати ҳавопаймоӣ ба далели набуди курсиҳои холӣ дар ҳавопаймо ба таври якҷониба интиқоли 12 шаҳрванд дар масири Новосибирск-Душанберо рад кард", — омадааст дар хабарнома.Ҳодиса ҳанӯз моҳи феврали соли 2023 дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи А.И.Покришкин рух дода буд. Дар натиҷа, нисбати директори генералии ширкати ҳавопаймоӣ барои хизматрасонии номатлуб парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо пешниҳод карда шуд.
https://sputnik.tj/20230318/s7-parvoz-novosibirsk-bokhtar-1055611014.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/15/1042392919_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f7c922650e74aa87e8555add8df565d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
s7 хатсайр новосибирск — душанбе тафтиш
s7 хатсайр новосибирск — душанбе тафтиш
S7 ба хатсайри Новосибирск — Душанбе 12 касро роҳ надод: тафтиш оғоз шуд
Аксар вақт ширкатҳо фармоиши аз ҳад зиёдро истифода мебаранд - онҳо барои ба даст овардани бори ҳадди аксар чиптаҳоро нисбат ба ҷойҳо дар бештар мефурӯшанд
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Русия S7 ба 12 мусофири хатсайри Новосибирск-Душанбе иҷозаи парвоз надод.
Вобаста ба қазия ҳоло додситонии маҳаллӣ ба тафтиш оғоз кардааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти додситонии нақлиёти Сибири Ғарбӣ, фурудгоҳ барои роҳ надодани мусофирон ба парвоз ягон далели кофӣ надошт.
"Ширкати ҳавопаймоӣ ба далели набуди курсиҳои холӣ дар ҳавопаймо ба таври якҷониба интиқоли 12 шаҳрванд дар масири Новосибирск-Душанберо рад кард", — омадааст дар хабарнома.
Ҳодиса ҳанӯз моҳи феврали соли 2023 дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи А.И.Покришкин рух дода буд.
Дар натиҷа, нисбати директори генералии ширкати ҳавопаймоӣ барои хизматрасонии номатлуб парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо пешниҳод карда шуд.