https://sputnik.tj/20230320/murojiat-rahmon-dehqonon-hushdor-sol-vaznin-1055635349.html
Дархости Раҳмон ба деҳқонон ва ҳушдор аз солҳои вазнин
Дархости Раҳмон ба деҳқонон ва ҳушдор аз солҳои вазнин
Sputnik Тоҷикистон
Бо назардошти варъи душвори иқтисодии ҷаҳонӣ раҳбари кишвар умед дорад, ки ҳар ваҷаб замин самаранок барои фаровонии бозор истифода хоҳад шуд
2023-03-20T13:38+0500
2023-03-20T13:38+0500
2023-03-20T13:42+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
иди наврӯз
замин
деҳқон
деҳқони тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039933996_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_3bd080f116121c1d037566aaf4477459.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба тағйирёбии иқлиму вазъи носуботи иқтисоди ҷаҳон аз кишоварзони кишвар хостааст, ки бо истифода аз ҳавои мусоид самаранок фаъолият кунанд.Ӯ ин нуктаро дар паёми наврӯзияш ба аҳолии кишвар, ки мавсими зиндашавии табиат аст, изҳор медорад.Ба таъкиди вай, хусусан, дар шароите, ки бар асари буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва камобиву хушксолии паёпай, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ раванди камчин шудани маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо идома дорад, бештар бояд заҳмат кашид.Зеро ба таъкиди раисҷумҳур, имсолу соли оянда вазъи ҷаҳон дар масъалаи таъминот бо озуқаворӣ боз ҳам мураккабу вазнин мегардад."Бинобар ин, мо бояд ҳар як ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода бурда, кишти такрориро васеъ ба роҳ монем, аз заминҳои обӣ ҳатман ду – се ҳосил рӯёнем, фикри аҳли оила, фарзандон ва ҷомеаи худро кунем", - афзудааст Раҳмон.Мавсуф дар баробари ин бо дарназардошти шароити вазнини ҷаҳони муосир аҳолиро ба сарфаю сариштакорӣ даъват карда, гуфтааст, ки ҳаргиз ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ набояд дод.
https://sputnik.tj/20230315/smm-dar-borai-vazi-ghizo-dar-osiyoi-markazi-guft-1055530816.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039933996_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_910bf38d521358450eddc0d911b8720e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муроҷиат раҳмон деҳқонон ҳушдор солҳ вазнин
муроҷиат раҳмон деҳқонон ҳушдор солҳ вазнин
Дархости Раҳмон ба деҳқонон ва ҳушдор аз солҳои вазнин
13:38 20.03.2023 (Навсозишуда: 13:42 20.03.2023) Бо назардошти варъи душвори иқтисодии ҷаҳонӣ раҳбари кишвар умед дорад, ки ҳар ваҷаб замин самаранок барои фаровонии бозор истифода хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба тағйирёбии иқлиму вазъи носуботи иқтисоди ҷаҳон аз кишоварзони кишвар хостааст, ки бо истифода аз ҳавои мусоид самаранок фаъолият кунанд.
Ӯ ин нуктаро дар паёми наврӯзияш ба аҳолии кишвар, ки мавсими зиндашавии табиат аст, изҳор медорад.
"Бовар дорам, ки кишоварзони асили мо имсол низ ба хотири фаровонии дастурхони мардум корҳои баҳориро вусъати бештар мебахшанд ва ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон замина мегузоранд", - гуфтааст раисҷумҳур.
Ба таъкиди вай, хусусан, дар шароите, ки бар асари буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва камобиву хушксолии паёпай, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ раванди камчин шудани маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо идома дорад, бештар бояд заҳмат кашид.
Зеро ба таъкиди раисҷумҳур, имсолу соли оянда вазъи ҷаҳон дар масъалаи таъминот бо озуқаворӣ боз ҳам мураккабу вазнин мегардад.
"Бинобар ин, мо бояд ҳар як ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода бурда, кишти такрориро васеъ ба роҳ монем, аз заминҳои обӣ ҳатман ду – се ҳосил рӯёнем, фикри аҳли оила, фарзандон ва ҷомеаи худро кунем", - афзудааст Раҳмон.
Мавсуф дар баробари ин бо дарназардошти шароити вазнини ҷаҳони муосир аҳолиро ба сарфаю сариштакорӣ даъват карда, гуфтааст, ки ҳаргиз ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ набояд дод.