Си Ҷинпин бо даъвати Путин ба Русия меравад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и председатель КНР Си Цзиньпин
Президент РФ Владимир Путин и председатель КНР Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2023
Обуна шудан
Сафари давлатии раҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин ба Федератсияи Русия дар ҳафтаи оянда баргузор шуда, зимни он ҳамкориҳои стратегии ҷонибҳо амиқ баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо як сафари давлатӣ аз Русия боздид мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл рӯзи ҷумъа гузориш дод.
Гуфта мешавад, ки сафари Ҷинпин бо даъвати Владимир Путин сурат гирифта, он рӯзҳои 20-22 март доир мешавад.
Проводы фрегата Адмирал Горшков в Североморске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
Русия ва Чину Эрон дар Халиҷи Уммон машқҳои дарёӣ баргузор мекунанд
Интизор меравад, ки сарони ду кишвар рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва равобити стратегиро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ҷараёни сафари Си Ҷинпин ба Русия табодули афкор бо Путин дар заминаи амиқтар шудани ҳамкориҳои Маскав ва Пекин дар арсаи байналмилалӣ дар назар аст.
Кремл таъкид кард, ки дар натиҷаи музокирот як қатор санадҳои муҳими дуҷониба ба имзо хоҳанд расид.
Лентаи хабарҳо
0