https://sputnik.tj/20230317/reshetnikov-tavajjuh-sayyohon-eron-rusiya-afzoish-1055589444.html
Решетников: Таваҷҷуҳи сайёҳони Эрон ва Русия ба сафарҳои мутақобила афзоиш ёфтааст
Решетников: Таваҷҷуҳи сайёҳони Эрон ва Русия ба сафарҳои мутақобила афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Русия эълон кардааст, ки ба хотири ҷалби бештари сайёҳон раводиди гардишгарӣ миёни ду кишвар лағв карда мешавад
2023-03-17T14:36+0500
2023-03-17T14:36+0500
2023-03-17T14:36+0500
эрон
дар русия
сайёҳӣ
раводид
лағв
гардишгарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/02/1055263125_0:198:2934:1848_1920x0_80_0_0_51d9a2b96bdaa76518e1cfb3a0c97a4c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Таваҷҷуҳи сайёҳони рус ба сафарҳои сайёҳӣ ба самти Эрон ва ҳамчунин сайёҳони эронӣ ба самти Русия афзоиш ёфтааст, гуфт ахиран Вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников.Вай гуфт, соли гузашта гардишгарии мутақобил беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил додааст."Сайёҳӣ бояд як нуқтаи нави болоравии равобити дуҷонибаи мо гардад. Имсол мо нақша дорем, ки дар соҳаи сайёҳӣ як Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонем. Мо аллакай мушоҳида мекунем, ки таваҷҷӯҳи сайёҳон ба сафарҳои мутақобила меафзояд. Дар поёни соли гузашта аз Эрон беш аз 22 ҳазор рус ва беш аз 20 ҳазор эронӣ аз Русия дидан карданд. Аммо ин рақамҳо бо потенсиали мо қобили муқоиса нестанд", - гуфт ӯ дар нишасти Муколамаи байналмилалии Русия ва Эрон дар намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии MITT дар Маскав.Қабл аз пандемияи коронавирус дар соли 2019, тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод, ҷараёни сайёҳон аз Русия ба Эрон 8,5 ҳазор ва аз Эрон ба Русия 40 ҳазор нафарро ташкил медод."Аз 1 январи соли 2023 кори ширкатҳои сайёҳии ду кишвар низ амалӣ шуд. Дар оянда раводиди сайёҳон аз ду кишвар лағв мешавад. Умедворам, ки дар соли 2023 мо сайёҳони зиёди рус дар Эрон мебинем ва сайёҳони эрониро дар Русия", - гуфт сафири Эрон дар Русия Козим Ҷалолӣ.Решетников афзуд, бо назардошти афзоиши талабот, аз 28 март парвози нави мустақим байни Русия ва Эрон оғоз мешавад. Ба Техрон на танхо аз Москва, балки аз Қазон ҳам парвоз кардан мумкин аст.Қаблан ӯ гуфта буд, ки соли 2023 созишнома дар бораи сафарҳои мутақобилаи бидуни раводид барои гурӯҳҳои сайёҳӣ то 50 нафар аз сар гирифта мешавад.Мудири бахши сайёҳӣ дар Русия ва ИДМ “Mahan Air” қайд кард, ки сайёҳони эронӣ дар Русия бештар дар меҳмонхонаҳои 4 ва 5 мемонанд. Сайёҳон аксар вақт масири Маскав-Санкт-Петербургро интихоб мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, эрониҳо Русияро дӯст медоранд, аз ин сафар ба дӯстону наздиконашон бо хушҳолӣ нақл мекунанд, аксар вақт ба шаҳрҳои дидагиашон бармегарданд.
https://sputnik.tj/20230303/reshetnikov-tojikiston-bozori-oyandadori-sayyohi-1055300433.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/02/1055263125_198:296:2528:2044_1920x0_80_0_0_b161002aeaf4796ad99c728eabe9752f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, русия, решетников, сайёҳӣ, гардишгарӣ, мутақобил, сафар
эрон, русия, решетников, сайёҳӣ, гардишгарӣ, мутақобил, сафар
Решетников: Таваҷҷуҳи сайёҳони Эрон ва Русия ба сафарҳои мутақобила афзоиш ёфтааст
Мақомоти Русия эълон кардааст, ки ба хотири ҷалби бештари сайёҳон раводиди гардишгарӣ миёни ду кишвар лағв карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Таваҷҷуҳи сайёҳони рус ба сафарҳои сайёҳӣ ба самти Эрон ва ҳамчунин сайёҳони эронӣ ба самти Русия афзоиш ёфтааст, гуфт ахиран Вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников.
Вай гуфт, соли гузашта гардишгарии мутақобил беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил додааст.
"Сайёҳӣ бояд як нуқтаи нави болоравии равобити дуҷонибаи мо гардад. Имсол мо нақша дорем, ки дар соҳаи сайёҳӣ як Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонем. Мо аллакай мушоҳида мекунем, ки таваҷҷӯҳи сайёҳон ба сафарҳои мутақобила меафзояд. Дар поёни соли гузашта аз Эрон беш аз 22 ҳазор рус ва беш аз 20 ҳазор эронӣ аз Русия дидан карданд. Аммо ин рақамҳо бо потенсиали мо қобили муқоиса нестанд", - гуфт ӯ дар нишасти Муколамаи байналмилалии Русия ва Эрон дар намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии MITT дар Маскав.
Қабл аз пандемияи коронавирус дар соли 2019, тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод, ҷараёни сайёҳон аз Русия ба Эрон 8,5 ҳазор ва аз Эрон ба Русия 40 ҳазор нафарро ташкил медод.
"Аз 1 январи соли 2023 кори ширкатҳои сайёҳии ду кишвар низ амалӣ шуд. Дар оянда раводиди сайёҳон аз ду кишвар лағв мешавад. Умедворам, ки дар соли 2023 мо сайёҳони зиёди рус дар Эрон мебинем ва сайёҳони эрониро дар Русия", - гуфт сафири Эрон дар Русия Козим Ҷалолӣ.
Решетников афзуд, бо назардошти афзоиши талабот, аз 28 март парвози нави мустақим байни Русия ва Эрон оғоз мешавад. Ба Техрон на танхо аз Москва, балки аз Қазон ҳам парвоз кардан мумкин аст.
Қаблан ӯ гуфта буд, ки соли 2023 созишнома дар бораи сафарҳои мутақобилаи бидуни раводид барои гурӯҳҳои сайёҳӣ то 50 нафар аз сар гирифта мешавад.
Мудири бахши сайёҳӣ дар Русия ва ИДМ “Mahan Air” қайд кард, ки сайёҳони эронӣ дар Русия бештар дар меҳмонхонаҳои 4 ва 5 мемонанд. Сайёҳон аксар вақт масири Маскав-Санкт-Петербургро интихоб мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, эрониҳо Русияро дӯст медоранд, аз ин сафар ба дӯстону наздиконашон бо хушҳолӣ нақл мекунанд, аксар вақт ба шаҳрҳои дидагиашон бармегарданд.