Беҳтарин кадбону дар Душанбе эълон шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаТрадиционный праздничный стол на Навруз
Традиционный праздничный стол на Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2023
Обуна шудан
Созмондиҳандагон бар ин боваранд, ки чунин чорабиниҳо барои омодагии духтарон ба зиндагии мустақилона ва ёдоварӣ аз анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар Душанбе озмуни "Беҳтарин кадбону" баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Чорабинии мазкур дар "Боғи Ирам" баргузор шуда, роҳбарияти ҳукумати пойтахт, Кумитаи кор бо занон ва оила, Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва намояндагони 4 ноҳияи шаҳр тавонистанд, ки иштирок намоянд.
Занони ҳунарманд истеъдоди худро дар ороиши дастархон, истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳои болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ, (пешин) ва шом, хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир нишон доданд.
Ҳамзамон маҳорати омода намудани хӯришҳо, намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулотҳои нонӣ аз шартҳои дигари озмун буд.
Подготовка к празднику Навруз в Душанбе, на площади Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
Аз гулханафрӯзӣ то суманакпазӣ: Маълум шуд, Душанбе Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегирад
Илова бар ин, ширкаткунандагон маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳоро иҷро карданд.
Дар натиҷа ҷои аввалро Сайрам Сармисоқова аз ноҳияи Шоҳмансур, ҷои дуюмро Зебуннисо Асоева аз ноҳияи Фирдавсӣ, ҷойи сеюмро шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиб шуданд.
Ба ғолибон диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳадафи баргузории озмунро созмондиҳандагон ҷалби занону духтаронро ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз хонавода унвон кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0