https://sputnik.tj/20230316/zamon-daqiq-ramazon-tojikiston-malum-1055556806.html
Замони дақиқи оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд
Замони дақиқи оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Тоҷикистон таърихи дақиқи фарорасии моҳи шарифи кулли мусалмонони кишвар ва ҳаҷми закот муайян шуд
2023-03-16T11:15+0500
2023-03-16T11:15+0500
2023-03-16T11:43+0500
кумитаи дин
дин ва оин
оғози моҳи рамазон
рӯзадорӣ
шӯрои уламои ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103090/35/1030903593_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_ab592828c9b3a85d0d4b92046791d69e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон таърихи дақиқи оғози моҳи шарифи кулли мусалмонон - Рамазонро муайян карданд.Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо мушаххас шуд, ки имсол Моҳи Рамазон дар кишвар 23 март оғоз мешавад, гуфт Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба Sputnik ТоҷикистонИн ниҳод, тибқи ҳисоби исломӣ, нисоби закот 32 300 сомонӣ муқаррар шудааст, ки 800 сомонӣ аз он закот дода мешавад.Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20230106/taqvim-musalmoni-sol-1054016480.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103090/35/1030903593_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b158fa514faf5a6ac7d5cebf308650c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
замони дақиқи оғози моҳи рамазон дар тоҷикистон маълум шуд
замони дақиқи оғози моҳи рамазон дар тоҷикистон маълум шуд
Замони дақиқи оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд
11:15 16.03.2023 (Навсозишуда: 11:43 16.03.2023) Эксклюзив
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Тоҷикистон таърихи дақиқи фарорасии моҳи шарифи кулли мусалмонони кишвар ва ҳаҷми закот муайян шуд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон таърихи дақиқи оғози моҳи шарифи кулли мусалмонон - Рамазонро муайян карданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо мушаххас шуд, ки имсол Моҳи Рамазон дар кишвар 23 март оғоз мешавад, гуфт Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон
Ин ниҳод, тибқи ҳисоби исломӣ, нисоби закот 32 300 сомонӣ муқаррар шудааст, ки 800 сомонӣ аз он закот дода мешавад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.