Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Пешравиҳои артиши Русия дар Мариенка ва Авдеевкаи ҶМД

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкРабота танкистов в зоне СВО
Работа танкистов в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2023
Обуна шудан
Раҳбари Ҷумҳурии мардумии Донетск гуфт, ки артиши Русия новобаста аз интиқоли нерӯҳои иловагии артиши Украина ба Миринка дар ин минтақа пешравӣ доранд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Денис Пушилин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҶМД ахиран гуфт, новобаста аз он ки артиши Украина пайваста захираҳои инсонии худро ба Маринка интиқол медиҳад, артиши Русиия дар инҷо пешравиҳои назаррос дорад.
“Душман тамоми чораҳоро мебинад, ки вақт (барои озод кардани Маринка)-ро кашол диҳад. Дар он ҷо кариб якуним моҳ боз задухурдҳои шадид давом доранд. Дар ин ҷо миқдори душман, ки интиқол меёбанд нобуд карда мешаванд", - гуфт Пушилин дар телевизиони "Россия 24".
Маринка дар наздикии Донетск аст. Дар он ҷо мавқеъҳои муҳими нерӯҳои Украина ҷойгиранд, ки ва ин яке аз нуқтаҳое аст, ки Донетск мунтазам аз тӯпхонаҳо дучори тирборон мешавад.
Минобороны РФ применило модернизированный боеприпас Ланцет по ВСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2023
Видеои нобудсозии системи зиддиҳавоии бритониёи "Stromer HVM" дар Донбасс
Ҳамчунин оқои Пушилин, илова кард, ки ҳамлаи мунтазами нерӯҳои Русия ба минтақаи Авдеевка ва дигар самтҳо идома дорад.
"Дар ин ҷо (самти Авдиевка) нерӯҳои мо аз Красногоровка амалиёти ҳамларо идома медиҳанд, дар ин ҷо мебинем, ки дар самти Авдиевка пеш мераванд. На он қадар зуд. Инро ҳам бояд фаҳмид, ки душман пайваста нерӯ интиқол медиҳад”, - гуфт Пушилин дар шабакаи телевизионии "Россия 24".
Вай қайд кард, ки душман то ҳол тақрибан панҷ роҳи таъминотӣ дорад, ки зери назорати шартии отӯпҳои нерӯҳои Русия қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0