https://sputnik.tj/20230316/oblava-davat-javonon-solim-mirzo-komissarho-khost-1055556193.html
Бе "облава" ва даъвати ҷавонони солим: Шералӣ Мирзо аз комиссарҳо чӣ хост?
Бе "облава" ва даъвати ҷавонони солим: Шералӣ Мирзо аз комиссарҳо чӣ хост?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар арафаи оғози даъвати тирамоҳӣ ба комиссарҳои ҳарбии ҷумҳурӣ дастур дод, ки маърака қонунӣ дар ҳамкорӣ бо мардум гузарад
2023-03-16T10:26+0500
2023-03-16T10:26+0500
2023-03-16T10:38+0500
дар тоҷикистон
даъвати баҳории наваскарон ба артиш
амният ва мудофиа
наваскарон
шералӣ мирзо
"облава"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102206/74/1022067485_0:0:1400:788_1920x0_80_0_0_a592a15ec268de06b13fbdf9686c4ba1.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар доираи даъвати баҳории наваскарон ҳамкорӣ бо мардум боз ҳам ҷоннок карда шуда, вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон саривақт қарор қабул гардад.Ин нуктаро Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар ҷаласае бо ҳайати фармондеҳӣ ва комиссарони ҳарбии вилоят ва шаҳру навоҳӣ баён дошт.Ба иттилои Вазорати мудофиа, вазир бо таҳлили даъватҳои қаблӣ дар баробари баъзе пешравиҳои назаррас ҳамоно фаъолияти бархе аз комиссияҳои даъватиро боиси нигаронӣ хондааст.Роҳбарияти ин ниҳод масоили вобаста ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро вазифаи аввалиндараҷа хондааст.Комиссариатҳои ҳарбӣ муваззаф гардидаанд, ки роҳҳои ғайриқонунии даъват ва ҳама гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсиониро пешгирӣ намоянд.Тибқи дастури вазир онҳо бояд, диққати аввалиндараҷаро ба сатҳу сифати даъвати шаҳрвандон, бо қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузории ҷамъомаду машғулияти нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ равона намоянд.Ҳамчунин вазир аз тобеин хостааст, бо аҳолӣ ва мақомоти маҳалли кор карда, зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулин бояд ҷавононро мутмаин созанд, ки хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар ҷавонмарди бонангу номус аст. Онҳо бояд дарк кунанд, ки хизмат ба Ватан уҳдадорист, на ҳуқуқ. Даъвати баҳории наваскарон ба сафи артиш дар Тоҷикистон тайи моҳҳои апрел ва май идома карда, соли ҷорӣ ҷавонони солҳои таваллуди 1996-2005 сафарбар мешаванд.
https://sputnik.tj/20230301/farmon-prezident-davat-javonon-khidmat-harbi-1055238819.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102206/74/1022067485_97:0:1148:788_1920x0_80_0_0_1358794e1c60261470d511059066842e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"облава" даъват ҷавонон солим шералӣ мирзо комиссарҳо
"облава" даъват ҷавонон солим шералӣ мирзо комиссарҳо
Бе "облава" ва даъвати ҷавонони солим: Шералӣ Мирзо аз комиссарҳо чӣ хост?
10:26 16.03.2023 (Навсозишуда: 10:38 16.03.2023) Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар арафаи оғози даъвати тирамоҳӣ ба комиссарҳои ҳарбии ҷумҳурӣ дастур дод, ки маърака қонунӣ дар ҳамкорӣ бо мардум гузарад
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар доираи даъвати баҳории наваскарон ҳамкорӣ бо мардум боз ҳам ҷоннок карда шуда, вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон саривақт қарор қабул гардад.
Ин нуктаро Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар ҷаласае бо ҳайати фармондеҳӣ ва комиссарони ҳарбии вилоят ва шаҳру навоҳӣ баён дошт.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, вазир бо таҳлили даъватҳои қаблӣ дар баробари баъзе пешравиҳои назаррас ҳамоно фаъолияти бархе аз комиссияҳои даъватиро боиси нигаронӣ хондааст.
Роҳбарияти ин ниҳод масоили вобаста ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро вазифаи аввалиндараҷа хондааст.
Комиссариатҳои ҳарбӣ муваззаф гардидаанд, ки роҳҳои ғайриқонунии даъват ва ҳама гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсиониро пешгирӣ намоянд.
Тибқи дастури вазир онҳо бояд, диққати аввалиндараҷаро ба сатҳу сифати даъвати шаҳрвандон, бо қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузории ҷамъомаду машғулияти нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ равона намоянд.
Ҳамчунин вазир аз тобеин хостааст, бо аҳолӣ ва мақомоти маҳалли кор карда, зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулин бояд ҷавононро мутмаин созанд, ки хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар ҷавонмарди бонангу номус аст. Онҳо бояд дарк кунанд, ки хизмат ба Ватан уҳдадорист, на ҳуқуқ.
Даъвати баҳории наваскарон ба сафи артиш дар Тоҷикистон тайи моҳҳои апрел ва май идома карда, соли ҷорӣ ҷавонони солҳои таваллуди 1996-2005 сафарбар мешаванд.