Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Имзои протоколи ҷадиди миёни Тоҷикистону Қирғизистон баъди музокироти шашрӯза

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ҚирғизистонФлаги Таджикистана и Кыргызстана
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2023
Обуна шудан
Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон давоми шаш рӯз дар шаҳри Душанбе масъалаи муаян ва аломатгузорӣ кардани марзро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.
Мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо тайи шаш рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, хабар медиҳад медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
"Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи Тарафҳо рӯзҳои 10 – 16 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид",- афзудааст манбаъ.
ВКХ ҷузъиёти бештар аз машварати шашрӯзаи намояндагони тоҷику қирғизро ифшо накардааст.
Танҳо зикр намуд, таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар натиҷа протокол имзо гардид.
ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Ҳамин тариқ мувофиқа шудааст, ки вохӯрии навбатии тарафҳо дар Қирғизистон баргузор мегардад.
Бишкек ва Душанбе якдилона бар ин назаранд, ки масъалаи аломатгузории марз бояд ҳарчи зудтар ҳалли худро пайдо мекунад ва азм доранд соли равон онро анҷом диҳанд.
Глава Согда и глава Баткента на переговорах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
Вохурии ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марз анҷом ёфт: Чӣ натиҷа дод?
Ҳамин тариқ, хати сарҳадии мувофиқашудаи Тоҷикистону Қирғизистон аллакай тақрибан 625 километр ё тақрибан 63%-и дарозии онро ташкил медиҳад.
Қобили зир аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябри соли гузашта авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд, аммо азмашонро барои ҷилавгирӣ аз такрор баён доштанд.
Лентаи хабарҳо
0