Душанбе ба солгарди нишасти машваратии кишварҳои Осиёи Марказӣ омодагӣ мегирад

© Пресс-служба президента РТФлаги стран участников саммита Центральной Азии в Туркменистане
Флаги стран участников саммита Центральной Азии в Туркменистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2023
Обуна шудан
Барои гузаронидани чорабинӣ бо ҳузури роҳбарони вазорату идораҳо кумитаи ташкилӣ таҳия гардид, ки онро арвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тоҷикистон корҳои омодагиро ба Ҷаласаи панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз кард.
Бино ба иттилоъи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурӣ, ин чорабинӣ аз 14 то 15 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар натиҷаи нишаст ҷонибҳо як қатор санадҳои муҳимро қабул хоҳанд кард, ки умдатарини он Изҳороти муштараки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Илова бар ин, дар нишасти машваратӣ президентҳо ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои минтақа дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ мекунанд.
Посадка картофеля в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
СММ дар бораи вазъи ғизо дар Осиёи Марказӣ гуфт
"Мулоқотҳои сатҳи баланд дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими минбаъдаи амнияту субот дар минтақа мусоидат мекунанд", - таъкид кардааст ВКХ.
Ҳамзамон дар пойтахт Анҷумани иқтисодӣ, Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, мулоқоти аъзои Муколамаи занон – пешвоёни Осиёи Марказӣ, намоишгоҳи рассомон, Анҷумани якуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мулоқоти вазирони нақлиёт ва консерти устодони санъати давлатҳои ОМ доир мегардад.
Лентаи хабарҳо
0