https://sputnik.tj/20230315/tojikiston-dar-aksiyai-baynalmilalii-boghi-khotira-shirkat-mekunad-1055525336.html
Тоҷикистон дар Аксияи байналмилалии "Боғи хотира" ширкат мекунад
Тоҷикистон дар Аксияи байналмилалии "Боғи хотира" ширкат мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар давоми мавҷудияти ин чорабинии муҳим солона беш аз 5 миллион фаъол дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон тавонистаанд ширкат кунанд
2023-03-15T09:35+0500
2023-03-15T09:35+0500
2023-03-15T09:42+0500
ҷбв
дар тоҷикистон
дар русия
ниҳолшинонӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055523057_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7f8212b604a6a4e2f281e158cbc780a5.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Тоҷикистон ва беш аз 34 кишвари ҷаҳон дар Аксияи байналмилалии “Боғи хотира” ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора раиси ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии "Ихтиёриёни Ғалаба" Олга Занко зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, ин иқдом дар Исроил, Олмон, Тунис, Панама, Эквадор, Сербистон ва дигар кишварҳо баргузор мешавад. "Рӯзи оғози маърака, 18 март, дар минтақаи Деҳлии Нави Ҳиндустон баргузор мешавад. Дар он ҷо шумораи зиёди низомиёни мустаъфӣ зиндагӣ мекунанд, аз ин рӯ, таваҷҷӯҳи сокинони маҳаллӣ зиёд аст. Аз Ҳиндустон, мо маъракаро дар сатҳи байналмилалӣ оғоз хоҳем кард", - гуфт Занко. Қобили зикр аст, ки созмондиҳандагон шинондани 27 миллион ниҳол ба хотираи ҳар нафари қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро ҳадафи аслии иқдоми “Боғи хотира” медонанд. Рамзи аксия — пайдо шудани муsассамаoои сабз ба шарафи қаҳрамонҳо масъалаи нигох доштан ва барқарор намудани фонди ҷангалро низ ҳал карда, ба иштироккунандагони чорабинӣ имконият медиҳад, ки гази карбонро кам кунанд.
https://sputnik.tj/20230207/safiri-rusiya-tojikiston-kuhansarbozi-jbv-video-1054760102.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055523057_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_3cfc0d6db4287ecedfbac387b818f170.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон аксияи "боғи хотира" ҷбв
тоҷикистон аксияи "боғи хотира" ҷбв
Тоҷикистон дар Аксияи байналмилалии "Боғи хотира" ширкат мекунад
09:35 15.03.2023 (Навсозишуда: 09:42 15.03.2023) Дар давоми мавҷудияти ин чорабинии муҳим солона беш аз 5 миллион фаъол дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон тавонистаанд ширкат кунанд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Тоҷикистон ва беш аз 34 кишвари ҷаҳон дар Аксияи байналмилалии “Боғи хотира” ширкат хоҳанд кард.
Дар ин бора раиси ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии "Ихтиёриёни Ғалаба" Олга Занко зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, ин иқдом дар Исроил, Олмон, Тунис, Панама, Эквадор, Сербистон ва дигар кишварҳо баргузор мешавад.
"Рӯзи оғози маърака, 18 март, дар минтақаи Деҳлии Нави Ҳиндустон баргузор мешавад. Дар он ҷо шумораи зиёди низомиёни мустаъфӣ зиндагӣ мекунанд, аз ин рӯ, таваҷҷӯҳи сокинони маҳаллӣ зиёд аст. Аз Ҳиндустон, мо маъракаро дар сатҳи байналмилалӣ оғоз хоҳем кард", - гуфт Занко.
Қобили зикр аст, ки созмондиҳандагон шинондани 27 миллион ниҳол ба хотираи ҳар нафари қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро ҳадафи аслии иқдоми “Боғи хотира” медонанд.
Рамзи аксия — пайдо шудани муsассамаoои сабз ба шарафи қаҳрамонҳо масъалаи нигох доштан ва барқарор намудани фонди ҷангалро низ ҳал карда, ба иштироккунандагони чорабинӣ имконият медиҳад, ки гази карбонро кам кунанд.