https://sputnik.tj/20230315/panohjuyon-afghoniston-sokinon-sughd-navruz-tajlil-video-1055553336.html
Паноҳҷӯён аз Афғонистон ҳамроҳ бо сокинони Суғд Наврӯз таҷлил мекунанд - видео
Паноҳҷӯён аз Афғонистон ҳамроҳ бо сокинони Суғд Наврӯз таҷлил мекунанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Афғонистон, ки ҳоло ҳамчун паноҳанда дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ оши палав омода намуда, рақсу бозӣ карданд 15.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-15T21:09+0500
2023-03-15T21:09+0500
2023-03-24T16:13+0500
видео
иди наврӯз
паноҳандагон
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0f/1055551145_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_039b81aaae1cdc7b9a8d76781bc9dd06.jpg
Даҳҳо паноҳҷӯёни афғон, ки дар вилояти Суғд ба сар мебаранд, як ҷо бо сокинони маҳалллӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Наврӯзро таҷлил намудандДар қатори сокинони маҳаллӣ даҳҳо паноҳҷӯи афғон ҳамроҳи пайвандони худ барои чорабинии наврӯзӣ ба ин ҷо омада буданд.Аз ниҳолшинонӣ то пухтани палав: паноҳҷӯёни афғон дар Суғд Наврӯзро таҷлил карданд – аксНаврӯзи паноҳҷӯёни афғон дар Суғд, бо шинонидани ниҳол, ки аз суннатҳои ин ҷашни бостонӣ маҳсуб мешавад дар саҳну атрофи қасри фарҳанги ин ноҳия оғоз шуда, бо баргузории чорабинии фарҳангӣ ва пухтани оши палов - таъоми миллӣ халқҳои форсу тоҷик идома кард.Ин дар ҳолест, ки аксар паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон муваққатан зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта садҳо нафари онҳо ба Канада рафтаанд.Дар ду ҷамоати ноҳияи Ҷаббор Расулов, бештар аз чиҳил оила ва дусад паноҳҷӯйи афғонистонӣ зиндагӣ мекунанд ва фарзандонашон дар мактаб таҳсил доранд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, барои будубоши онҳо шароити заруриро фароҳам сохтаанд.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0f/1055551145_41:0:1481:1080_1920x0_80_0_0_9e7704313af7de67f1bb322d83b5fc2d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, иди наврӯз, паноҳандагон, афғонистон, видео
видео, иди наврӯз, паноҳандагон, афғонистон, видео
Паноҳҷӯён аз Афғонистон ҳамроҳ бо сокинони Суғд Наврӯз таҷлил мекунанд - видео
21:09 15.03.2023 (Навсозишуда: 16:13 24.03.2023) Эксклюзив
Шаҳрвандони Афғонистон, ки ҳоло ҳамчун паноҳанда дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ оши палав омода намуда, рақсу бозӣ карданд
Даҳҳо паноҳҷӯёни афғон, ки дар вилояти Суғд ба сар мебаранд, як ҷо бо сокинони маҳалллӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар қатори сокинони маҳаллӣ даҳҳо паноҳҷӯи афғон ҳамроҳи пайвандони худ барои чорабинии наврӯзӣ ба ин ҷо омада буданд.
Наврӯзи паноҳҷӯёни афғон дар Суғд, бо шинонидани ниҳол, ки аз суннатҳои ин ҷашни бостонӣ маҳсуб мешавад дар саҳну атрофи қасри фарҳанги ин ноҳия оғоз шуда, бо баргузории чорабинии фарҳангӣ ва пухтани оши палов - таъоми миллӣ халқҳои форсу тоҷик идома кард.
Ин дар ҳолест, ки аксар паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон муваққатан зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта садҳо нафари онҳо ба Канада рафтаанд.
Дар ду ҷамоати ноҳияи Ҷаббор Расулов, бештар аз чиҳил оила ва дусад паноҳҷӯйи афғонистонӣ зиндагӣ мекунанд ва фарзандонашон дар мактаб таҳсил доранд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, барои будубоши онҳо шароити заруриро фароҳам сохтаанд.