Куштии наврӯзӣ: паҳлавонони 25 кишвар барои зӯрозмоӣ ба пойтахти Тоҷикистон меоянд

© Фото предоставлено Национальным Олимпийским комитетомБорьба, архивное фото
Борьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
Обуна шудан
Душанбе барои таҷлили Иди Наврӯзи байналмилалӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинад. Ҳамин тариқ пойтахт мизбони мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ (куштингирӣ) мешавад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Душанбе ба ифтихори ҷашни Наврӯз бузургтарин мусобиқаи куштии миллӣ доир мешавад.
Ин мусобиқа мақоми байналмилалӣ дошта, дар паҳлавонон аз 25 кишвари ҷаҳон метавонанд ширкат кунанд.
Сабқати байналмилалӣ 19 март, соати 11:00 дар "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ"-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Шаҳри Душанбе ба таҷлили Иди Наврӯз омодагӣ дидааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2023
Душанбе барои пешвози Наврӯз омода аст - видеои диданӣ
Ин 4-умин сабқати байналмилалии куштӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе мебошад.
Ғолибонро дар мусобиқа маблағҳои калони пулӣ, аз ҷумла барои ҷойи якум 10 000$, ҷойи дуюм 7 000$ ва ҷойҳои сеюм 3 000$ муқаррар гардидааст, хабар медиҳад, АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн, аз ҷумла 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг ва +86 кг рақобат менамоянд.
Тоҷикистонро бошад дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 30 паҳлавон муаррифӣ менамояд.
Лентаи хабарҳо
0