Ҷузъиёти сафари Путин ба Қазоқистон маълум шуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкВладимир Путин и Касым-Жомарт Токаев
Владимир Путин и Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2023
Обуна шудан
Кишвардори Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев зимни мулоқот бо сафири Русия дар ҷумҳурӣ аҳамияти сафари дарпешистодаи президенти Русия Владимир Путинро қайд кард
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо сафири Русия дар ин кишвар Алексей Бородавкин мулоқот кард.
Дар ин бора рӯзи сешанбе дар дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни мулоқот сафари Владимир Путин, раҳбари Русия ба ин кишвар баррасӣ шуд.

"Президент аҳамияти сафари дарпешистодаи президенти Русия Владимир Путин ба Қазоқистон, инчунин баргузории 19-умин Форуми ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар тирамоҳ дар Қӯстанайро муҳим арзёбӣ кард", — омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи январи соли 2023 гуфтугӯи телефонии раҳбарони давлатҳо сурат гирифта, дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи энергетика баррасӣ шуданд.
Шарҳи Песков дар бораи иттиҳодияи газии Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон
Сафари қаблии Путин ба Қазоқистон моҳи октябри соли 2022 сурат гирифта, президент барои ширкат дар се чорабинии байналмилалӣ вориди Остона шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0