https://sputnik.tj/20230314/oghozi-sokhtmoni-markazi-tijoratiu-logistikii-andarkhon-dar-marzi-tojikistonu-uzbekiston-1055485562.html
Оғози сохтмони маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон
Оғози сохтмони маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон бар он ҳастанд, ки маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат хоҳад кард
2023-03-14T12:30+0500
2023-03-14T12:30+0500
2023-03-14T17:38+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
марказ
логистика
тиҷорат
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055485409_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_695ad656ef46efc2afc189ddbcc92008.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" санги асос гузошта шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Тибқи иттилои манбаъ, ахиран ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" иштирок намуд.Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ раиси вилоят оқои Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намуданд.Манбаъ хабар додааст, ки роҳбарони вилоятҳо изҳори боварӣ намуданд, ки Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд.Ёдовар мешавем, ки Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯконҳои савдо, банк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд.Бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешавад.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055485409_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_b124671556726cd09629c38b248c115b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, маркази тиҷоратию логистикӣ, "андархон", мубодилаи маҳсулот, сохтмон
тоҷикистон, ӯзбекистон, маркази тиҷоратию логистикӣ, "андархон", мубодилаи маҳсулот, сохтмон
Оғози сохтмони маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон
12:30 14.03.2023 (Навсозишуда: 17:38 14.03.2023) Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон бар он ҳастанд, ки маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" санги асос гузошта шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" иштирок намуд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ раиси вилоят оқои Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намуданд.
Манбаъ хабар додааст, ки роҳбарони вилоятҳо изҳори боварӣ намуданд, ки Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯконҳои савдо, банк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд.
Бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешавад.