Дар рӯзи зодрӯзаш Марат Касим бояд озод карда шавад
22:32 14.03.2023 (Навсозишуда: 14:00 15.03.2023)
© Sputnik / Григорий Сысоев
/ Обуна шудан
Ба ҳабс гирифта шудани рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня” дар Рига ҳамагонро ба ташвиш овард ва боз як намунаи равшани поймолкунии ҳуқуқи инсон гардид
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. 14 март роҳбари сомонаи Sputnik Литва ва барандаи барнома дар радиои Sputnik Марат Касим, ки дар Латвия барои вайрон намудани таҳримҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо айбдору ҳабс шудаасту беш аз ду моҳ боз дар боздоштгоҳ қарор дорад, 33 сола шуд.
Худи ҳамин рӯз иқдом байни қаламкашон - ҳамкасбони ӯ оғоз гардид. Эшон дар шабакаҳои телевизиони марказӣ, дар радио ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои дастгири Касим суханронӣ мекунанд.
Ба ҳабс гирифтани рӯзноманигор бо сабаби бемаъниву шубҳанок буданаш ҳамагонро ба изтироб овардаасту боз як намунаи барҷастаи вайрон намудани ҳуқуқҳои журналистони ВАО-и русиягӣ дар Аврупо мебошад.
Марат Касим кист?
Марат Касим – шаҳрванди Латвия буда, ба ҳайси муҳаррири калони сомонаи Sputnik Литва - яке аз бахшҳои асосии гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня", кор мекунад ва ҳаёти ин кишвари наздибалтикро инъикос менамояд.
Ғайр аз ин, Марат ҳамбарандаи барнома дар радиои Sputnik аст, ки пештар ба мавҷ дар якҷоягӣ бо намояндаи расмии ВКХ-и ФР Мария Захарова мебаромад.
Тӯли фаъолияташ дар "России сегодня" Касим на як бору ду бор аз ҷониби ҳукумати ин кишвари наздибалтик мавриди таъқиб қарор гирифта буд.
Ҳабси ғайриқонунӣ: "Моддаи" сиёсӣ, фишор ва шиканҷа
Дар охири соли сипаришуда, рӯзноманирор бо сабабҳои оилавӣ ба Латвия рафт - бибиаш аз бемории саратон ранҷ мекашиду дар дами марг қарор дошт.
3 январ Марат аз ҷониби Хадамоти амнияти давлатӣ боздошт гардид. Пас аз ду рӯз суди маҳаллӣ Маратро ба ҳабс гирифта, ба маҳбаси марказии Рига равон намуд ва ӯ то ҳол дар он ҷо қарор дорад.
Касимро дар вайрон намудани моддаи 84.1-и Кодекси ҷиноии Латвия – нақзи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо айбдор менамоянд. Ба ӯ то чаҳор соли маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид дорад.
Сабабҳои асосии боздошт ягон зарра шубҳа намегузорад, ки он ғайриқонунӣ аст. Воқеан, моддаи 84.1-ин моддаи анъанавӣ барои мақомоти қудратӣ мебошад, ки кормандони ВАО-и русиягиро бо ҳар баҳона таъқиб менамоянд. Зеро пештар бо риоя накардани ин модда ҳамкасбони Маратро аз ин гурӯҳи расонаҳо айбдор намуда буданд.
Ҳабси Касимро шарҳ дода, мудири кулли "России сегодня" Дмитрий Киселев изҳор дошт, ки “ин қасоси режими давлатҳои наздибалтик барои фаъолияти Марат дар ВАО-и русиягӣ мебошад. Марат таъқиби сиёсиро ҳис мекард ва сари чанд вақт дар ин бора мегуфт”.
Сардори намояндагии Sputnik Литва Марат Касим соли 2019 дар ҷараёни сафараш ба Литва аз ҷониби мақомоти махсуси Литва аллакай боздошт шуда буд.
Ба гуфти хабарнигор, он вақт мақомоти қудратии маҳаллӣ ба ӯ таҳдид намуда, ӯро ба ҳамкорӣ моил намуданӣ буданд.
“Ту шаҳрванди Латвия мебошӣ. Барои чӣ бо онҳо кор мекунӣ? Биё, дӯстона гап занем. Ту мефаҳмӣ, ки онҳо кистанд? Онҳо одам нестанд, кишварашон ғароиб. Ту метавонӣ ин ҷо вазифаи хуб гирӣ, дар ВАО-и маҳаллӣ кор хоҳӣ кард”, -нақл карда буд Касим дар бораи боздошти пештарааш.
Пас аз ҷавоби рад гирифтан, ӯро бо баҳонаи “таҳдид ба амнияти миллӣ” аз қаламрави Литва берун карда буданд.
Ҳолатҳои боздошти индафъаина ва ба ҳабс гирифтани роҳбари намояндагии Sputnik Литва низ аз хусусияти ғайриқонунӣ ва ҳам аз махсус фишор оварданашон ба рӯзноманигор гувоҳӣ медиҳанд.
Аввал ин, ки худи моддаи 84 дар Кодекси ҷиноии Латвия он қадар доманадор аст, ки баъзе бандҳои онро ҳатто чун манъи пурраи кор дар ВАО-и русиягии таҳти таҳримҳои ИА қарордошта маънидод намудан мумкин аст.
Чуноне, ки ҳимоятгари литвонӣ Станисловас Томас қайд намуд, “вайрон намудани қонун аз нуқтаи назари прокурор–ин ба он маънӣ аст, ки агар шахс дар муассисаи таҳти таҳрим қарор дошта фаъолият барад”, чун қонуншиканӣ маънидод карда мешавад.
“Яъне ки ҷиноят - вайрон намудани таҳрим - худи кор дар чунин муассиса ба ҳисоб меравад", - қайд менамояд Томас.
Худи моддаи 84 ва истифодаи он нисбати рӯзноманигорон бевосита саволеро бобати маҳдуд намудани озодии сухани шаҳрванди худ аз ҷониби мақомоти қудратиро ба миён меорад, ки озодии сухан тавассути Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсон (моддаи 10) ва дар Хартияи ИА (моддаи 11) ҳифз карда мешавад.
Ғайр аз ин,боздоштшудагон дар асоси моддаи 84.1 бештар бо додани забонхат дар бораи тарки манзил накардан - дар шакли ҳабси хонагӣ - озод мешаванд. Касимро бошад суд, далелҳои ҳимоятгар дар ҳафтаи гузашта овардаро ба инобат нагирифта, қасдан таҳти ҳабси низомаш сахт гирифтааст.
Масъулони маҳбас низ ба Касим имконияти саривақт вохӯрдан бо ҳимоятгарашро намедиҳанд ва бо ин амалашон кушоду равшан ҳуқуқи ӯро барои ҳимоя аз худ поймол намуда истодаанд.
Билохир, шароити даҳшатнокеро дар боздоштгоҳ, ки Касим он ҷо нигоҳдорӣ мешавад, чун шиканҷа баҳо додан мумкин аст, ки аз ҷониби Конвенсияи Аврупо, ки Латвия аъзои он аст, манъ гардидааст.
30 январ Маратро ба утоқи сарди яккасаи дорои ҳашарот ва шароитҳои ғайрисанитарӣ гузарониданд.Дар ин шароит аллергия ва дигар бемориҳои кӯҳнаи Марат авҷ гирифтанду панҷаи пойҳояш карахт гаштанд.
Муроҷиатҳои чандкаратаи ӯ барои гирифтани кумаки тиббӣ тӯли як ҳафта аз ҷониби масъулони маҳбас ба инобат гирифта нашуданд.
Директори Департаменти дуюми Аврупоии ВКХ Русия Сергей Беляев бобати дар шароити ғайриинсонӣ нигоҳдорӣ шудани Касем ҳарф зад.
“Ин аллакай истинтоқ ҳисобида мешавад - шароите, ки дар он, ба боздошташудагон дидаву дониста озори ҷисмонӣ мерасонанд”, –қайд намуд Беляев дар мусоҳиба бо RTVI.
Ба гуфти ҳимоятгари Марат, мақомоти тафтишотӣ ӯро барои ноил шудан ба гирифтани нишондиҳандаҳои дурӯғин таҳти чунин фишор қарор додаст.
Пас аз як ҳафтаи нигоҳдорӣ дар утоқи шароиташ ғайриинсонӣ Касимро ба утоқи пештарааш гузарониданд, лек аз ҳабс раҳо накарданд.
Ғайриқонунӣ будани боздошт - ин далели асосӣ, вале на ягонаи он, ки Касим бояд озод карда шавад.
"Аз ҳама амали беақлонае, ки Латвия метавонист анҷом диҳад"
“Парвандаи Касим” ҳамчунин бояд бо озодкунии ӯ ба анҷом расад, зеро худи далели ба ҳабс гирифтани ӯ сафсата аст ва ба ягон меъёрҳои асосии инсонӣ рост намеояд.
“Аз ҳама кори баеқлона, ваҳшиёна не, даҳшатнок не, беақлонае, ки ҳоло Латвия, Литва ва ё Эстония - яъне ки кишварҳои наздибалтик, карда метавонанд, ин-боздошт, ҳабс ва ғайраву ҳоказо мебошад",- шарҳ дод вазъиятро вобаста ба ҳабси Касем мудири департаменти иттилоотии ВКХ Русия Мария Захарова.
“Медонед, барои чӣ? Барои он, ки равшану возеҳ гардида истодааст, ки таъқиби ин рӯзноманигор ҳадафҳои сиёсӣ доад”, - илова намуд Захарова.
Мудири кулли "России сегодня" Дмитрий Киселёв низ қайд намуд, ки ҳабси рӯзноманигор дар шароити “бесарусомониҳои аврупоӣ рух дода истодааст, ки дар ҳошияи он метавонанд инсонро барои андешааш, барои мавқеаш, бо машғул будан бо фаъолияти касбии журналистиаш ба ҳабс гиранд“.
“Барои ҳукумати латвиягӣ ин амали маъмулӣ аст - одам бошад, модда ёфт мешавад", - қайд намуд Киселёв.
Зикр кардани он чиз бамаврид аст, ки дар Латвия нафақат журналистро барои иҷрои вазифаҳои касбиаш бо айбдоркуниҳои асоси сиёсӣ дошта ба ҳабс гирифтанд, балки ба ӯ имкон надоданд, ки бо бибии дами марг будааш вохӯрад.
Бибии Марат ба дидори ӯ нарасид ва замоне, ки ӯ дар ҳабс аст, аз дунё чашм пӯшид.
Намояндаи Думаи давлатии Русия Мария Бутина зикр менамояд, ки “фаъолияти журналистӣ доштан дар муҳити душманона бо доштани шаҳрвандии ин кишвар, ки ӯро дӯст намедорад, интихоби Марат Касим аст. Ҳақиқатро гуфтан ва фаъолият доштан бо нархи хатари ҷон ва озодӣ”.
Парвандаи пур аз ҳарзаи нисбати Марат оғозгардида бояд имрӯз баста шавад.
Ҳуҷум ба журналистони ВАО-и русиягӣ
Билохира,“Парвандаи Касем” бояд баста шавад, зеро он намунаи барҷастаи маъракаи таъқиби кормандони ВАО-и русиягӣ дар Аврупо мебошад.
Журналистони русиягӣ ба таври оммавӣ таҳти таъқиб аз ҷониби кишварҳои Ғарб қарор доранд. Қонуншиканиҳои зиёд дар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла - дар давлатҳои наздибалтик, сурат мегиранд.
Дар ВКХ ФР бобати нишонаҳои дар танзимбудаи ин кишварҳо дар мавриди мубориза бо журналистони ВАО-и руссиягӣ гуфтанд.
Аз рӯи маълумоти сомонаи Baltnews, айни замон дар Латвия алайҳи 14 ҳамкасбони Марат парвандаҳо боз карда шудаанд.
Ғайр аз ин, ҳуҷум ба журналистон чун ба Марат Касим худ намунаи равшани қобили фаъолият набудани институтҳои байналхалқӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад.
“Вобаста аз он, ки мо чӣ гуна ҷавоб мегирем ё намегирем, возеҳ будани он аст, ки ин ё он ташкилоти байналхалқӣ ба чӣ табдил ёфтааст”,- қайд менамояд Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко.
Шӯрои Аврупо ва ОБСЕ то ҳол нисбати ин масъала мавқеашонро баён накардаанд.
Намояндаи расмии Котиботи генералии СММ даъват намуд, ки “муқаррароти ҳуқуқӣ риоя карда шавад”.
Аммо Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони ташкилоти байналхалқии СММ муҳокиаи вазъиятро вобаста ба ҳабси Марат Касим дар иҷлосияи навбатиаш рад намуд - ин масъала дар “рӯзномаи тартибдодашуда набудааст”.
“Нанговар аст, ки мавзӯи таъқиби журналистон барои фаъолияти касбиашон, боздошту ҳабси онҳо, пурсиши чандкаратаи онҳо ва ғайра мавзӯи доимии рӯзномаи Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ маҳсуб намеёбад”, - изҳор дошт Мария Захарова дар ҷавоби намоянда оид ба ҳуқуқи инсони Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ.
Фавран озод намудани Марат Касим занги хубе хоҳад буд дар мавриди хотимаи маъракаи таъқиби журналистони ВАО-и русиягӣ. Ҳамзамон, ба таърихи ҳабси ғайриқонуниву пурҳарза нуқта хоҳад гузошт.