https://sputnik.tj/20230314/khf-tojikiston-hushdor-1055493924.html
КҲФ аз рӯзҳои хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод
КҲФ аз рӯзҳои хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, то 16 март дар саросари ҷумҳурӣ хатари баланди фаромадани тармаю ярч боқӣ мемонад
2023-03-14T15:57+0500
2023-03-14T15:57+0500
2023-03-14T16:16+0500
обу ҳаво
тарма
тарма
резиши тарма
дар тоҷикистон
вмкб
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055103502_0:396:2113:1585_1920x0_80_0_0_57c420ad32bedf606f34a5c17c8abfb2.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дафтари матбуоти КҲФ хабар медиҳад, ки дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон, хатари фаромадани тарма, сел, ярч ва сангрезиҳо зиёд боқӣ мемонад.Чунин вазъи ҳаво тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии кишвар то 16 март мушоҳида мешавад. Дар натиҷаи гарм шудани рӯзҳои охир ва боришот шароити номусоид ба вуҷуд меояд. Ҳамин тавр, дар қитъаҳои роҳи Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Лахш, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Дарвоз – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад. Ба ғайр аз ин, дар роҳ яхбандиҳо мешавад. КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки аз сафар, ба минтақаҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд. Наҷотдиҳандагон инчунин ба ронандагон хотиррасон мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо, манотиқи кӯҳӣ ба қоидаҳои бехатарӣ ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракат қатъиян риоя намоянд. Сипоси Мирзонабот аз занони ВМКБ барои кумак дар бартарафсозии тармаБа сокинони вилоятҳо тавсия дода мешавад, ки рӯзҳои наздик аз корҳои кишоварзӣ даст кашида, дар чароғоҳҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон чаронидани чорворо маҳдуд намуда, ба шикор ва моҳидорӣ нараванд. Ҳамчунин КҲФ тавсия медиҳад, ки сафарҳои кӯҳиро ба таъхир андозанд.
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055103502_0:0:2113:1585_1920x0_80_0_0_26665425308cc00d56ee80c0ebdeb104.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боду ҳаво, тоҷикистон, тармафароӣ
боду ҳаво, тоҷикистон, тармафароӣ
КҲФ аз рӯзҳои хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод
15:57 14.03.2023 (Навсозишуда: 16:16 14.03.2023) Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, то 16 март дар саросари ҷумҳурӣ хатари баланди фаромадани тармаю ярч боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дафтари матбуоти КҲФ хабар медиҳад, ки дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон, хатари фаромадани тарма, сел, ярч ва сангрезиҳо зиёд боқӣ мемонад.
Чунин вазъи ҳаво тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии кишвар то 16 март мушоҳида мешавад. Дар натиҷаи гарм шудани рӯзҳои охир ва боришот шароити номусоид ба вуҷуд меояд.
Ҳамин тавр, дар қитъаҳои роҳи Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Лахш, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Дарвоз – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад.
Ба ғайр аз ин, дар роҳ яхбандиҳо мешавад.
КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки аз сафар, ба минтақаҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.
Наҷотдиҳандагон инчунин ба ронандагон хотиррасон мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо, манотиқи кӯҳӣ ба қоидаҳои бехатарӣ ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракат қатъиян риоя намоянд.
Ба сокинони вилоятҳо тавсия дода мешавад, ки рӯзҳои наздик аз корҳои кишоварзӣ даст кашида, дар чароғоҳҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон чаронидани чорворо маҳдуд намуда, ба шикор ва моҳидорӣ нараванд.
Ҳамчунин КҲФ тавсия медиҳад, ки сафарҳои кӯҳиро ба таъхир андозанд.