https://sputnik.tj/20230313/uzbekiston-hamapursi-jadid-konstitutsiya-nav-qonuni-1055466180.html
Узбекистон ҳамапурсии ҷадидро аз рӯи конститутсияи нав қонунӣ хонд
Узбекистон ҳамапурсии ҷадидро аз рӯи конститутсияи нав қонунӣ хонд
Sputnik Тоҷикистон
Баъди раъйпурсӣ ба таҳрири нави қонуни асосии ҷумҳурӣ 27 модда ворид карда мешавад, ки шумораи умумии онҳо аз 128 ба 155 адад мерасад
2023-03-13T13:49+0500
2023-03-13T13:49+0500
2023-03-13T13:49+0500
ӯзбекистон
сарқонун
ҳамапурсӣ
иҷтимоъ
қонун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102839/13/1028391369_160:0:1182:575_1920x0_80_0_0_4e1bde6a1a4fd7573af03f4d403724c1.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Додгоҳи конститутсионии Узбекистон раъйпурсӣ оид ба Қонуни асосии навро қонунӣ эътироф кард. Дар ин бора муовини раиси Суди конститутсионии ин кишвар Аскар Ғафуров зимни пахши ҷаласаи додгоҳ хабар дод. Ҳамин тариқ, қарори палатаи қонунбарори (поёни) парлумон, ки тибқи он раъйпурсии нав оид ба ворид намудани тағйироту илова ба конститутсия таъин шуда буд, асоснок дониста шуд. Вакилони палатаи поёнии порлумони Узбекистон қаблан раъйпурсиро рӯзи 30 апрел таъин карда буданд. Маълум аст, ки ба таҳрири нави қонуни асосии кишвар ворид кардани 27 моддаи дигар дар назар аст. Пас аз ин шумораи умумии онҳо аз 128 ба 155 мерасад. Дар паи ин дигаргунӣ дар Ӯзбекистон қонуни асосии давлат 65% нав карда мешавад. Дар миёни ислоҳот нуктаи тамдиди муҳлати ваколати раисиҷумҳур аз 5 ба 7 сол, манъи ҳукми эъдом, манъи истирдоди шаҳрванди кишвар ба давлати хориҷӣ низ ҳаст. Маврид ба зикр аст, ки сарқонуни амалкунандаи Ӯзбекистон соли 1992 қабул шуда буд. Аз он вақт инҷониб ба қонуни асосии кишвар 15 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
https://sputnik.tj/20230310/uzbekiston-zamon-hamapursi-qonuni-asosi-navro-1055413086.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102839/13/1028391369_287:0:1054:575_1920x0_80_0_0_d58201ea02bf2f2d3e9fdaa1ec699792.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон ҳамапурсӣ ҷадид конститутсия қонунӣ
ӯзбекистон ҳамапурсӣ ҷадид конститутсия қонунӣ
Узбекистон ҳамапурсии ҷадидро аз рӯи конститутсияи нав қонунӣ хонд
Баъди раъйпурсӣ ба таҳрири нави қонуни асосии ҷумҳурӣ 27 модда ворид карда мешавад, ки шумораи умумии онҳо аз 128 ба 155 адад мерасад
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Додгоҳи конститутсионии Узбекистон раъйпурсӣ оид ба Қонуни асосии навро қонунӣ эътироф кард.
Дар ин бора муовини раиси Суди конститутсионии ин кишвар Аскар Ғафуров зимни пахши ҷаласаи додгоҳ хабар дод.
Ҳамин тариқ, қарори палатаи қонунбарори (поёни) парлумон, ки тибқи он раъйпурсии нав оид ба ворид намудани тағйироту илова ба конститутсия таъин шуда буд, асоснок дониста шуд.
Вакилони палатаи поёнии порлумони Узбекистон қаблан раъйпурсиро рӯзи 30 апрел таъин карда буданд.
Маълум аст, ки ба таҳрири нави қонуни асосии кишвар ворид кардани 27 моддаи дигар дар назар аст. Пас аз ин шумораи умумии онҳо аз 128 ба 155 мерасад.
Дар паи ин дигаргунӣ дар Ӯзбекистон қонуни асосии давлат 65% нав карда мешавад.
Дар миёни ислоҳот нуктаи тамдиди муҳлати ваколати раисиҷумҳур аз 5 ба 7 сол, манъи ҳукми эъдом, манъи истирдоди шаҳрванди кишвар ба давлати хориҷӣ низ ҳаст.
Маврид ба зикр аст, ки сарқонуни амалкунандаи Ӯзбекистон соли 1992 қабул шуда буд. Аз он вақт инҷониб ба қонуни асосии кишвар 15 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.