https://sputnik.tj/20230313/qodirov-ba-putin-vada-dod-ki-uro-noumed-namekunad-1055476411.html
Қодиров ба Путин ваъда дод, ки ӯро ноумед намекунад
Қодиров ба Путин ваъда дод, ки ӯро ноумед намекунад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия аз раҳбари Чеченистон хоҳиш кард, ки саломашро ба нерӯҳои чеченистонии иштирокчиёни амалиёти вижа бирасонад
2023-03-13T19:25+0500
2023-03-13T19:25+0500
2023-03-14T17:19+0500
дар русия
украина
донбасс
амалиёти вижа
рамазон қодиров
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102676/32/1026763217_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_438b1c9d7e9f1d65f8f983108535f6fa.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, дар мулоқот бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин, гуфт, ки нерӯҳои ин ҷумҳурӣ дар минтақаи амалиёти вижа дар Украина “мақсад доранд то пирӯзӣ биҷанганд”.“Ҷанговарони ҷумҳурии Чеченистон дар минтакаи амалиёти вижаи бомуваффақият хизмат доранд, мо ҳамаи супоришҳои шуморо ба ҷо меорем ва мақсад дорем, то охир амал кунем. Сокинони вилоят пурра амалиёти вижаро комилан тарафдорӣ мекунанд ва барои расидан ба мақсаду вазифаҳои он зарур медонанд”, - ваъда дод Қодиров ба раисҷумҳури Русия.Владимир Путин дар посух гуфт, ки ба ин шубҳа надорад: "Ман шубха надорам, — гуфт дар хотима президент.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қайд кард, ки амалиёти вижа як тадбири зарурӣ буд ва Русия "имкони дигаре надошт, хатарҳои амниятӣ ба вуҷуд омадаанд, ки посух додан бо дигар воситаҳо ғайриимкон буд". Ба гуфтаи вай, Русия 30 сол боз талош дорад, ки бо НАТО дар бораи принсипҳои амнияти Аврупо мувофиқат кунад, аммо дар посух ё бо фиребу дурӯғ ва ё кӯшиши фишору шантаж рӯбарӯ мешавад, дар ҳоле ки Паймони атлантики шимолӣ бо вуҷуди эътирозҳои Маскав бемайлон васеъ ва ба сарҳадҳои Русия наздик мешавад.
https://sputnik.tj/20230213/davati-qodirov-ozod-kardani-kharkov-odessa-1054887162.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102676/32/1026763217_21:0:2752:2048_1920x0_80_0_0_0548b5272ef082333a9fb3a09881fdb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, чеченистон, амалиёти вижа, иштирокчиён, рамазон қодиров, владимир путин
русия, чеченистон, амалиёти вижа, иштирокчиён, рамазон қодиров, владимир путин
Қодиров ба Путин ваъда дод, ки ӯро ноумед намекунад
19:25 13.03.2023 (Навсозишуда: 17:19 14.03.2023) Раисҷумҳури Русия аз раҳбари Чеченистон хоҳиш кард, ки саломашро ба нерӯҳои чеченистонии иштирокчиёни амалиёти вижа бирасонад
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, дар мулоқот бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин, гуфт, ки нерӯҳои ин ҷумҳурӣ дар минтақаи амалиёти вижа дар Украина “мақсад доранд то пирӯзӣ биҷанганд”.
“Ҷанговарони ҷумҳурии Чеченистон дар минтакаи амалиёти вижаи бомуваффақият хизмат доранд, мо ҳамаи супоришҳои шуморо ба ҷо меорем ва мақсад дорем, то охир амал кунем. Сокинони вилоят пурра амалиёти вижаро комилан тарафдорӣ мекунанд ва барои расидан ба мақсаду вазифаҳои он зарур медонанд”, - ваъда дод Қодиров ба раисҷумҳури Русия.
"Бори дигар барои ҳама корҳое, ки барои Ҷумҳурии Чеченистон ва тамоми Русия мекунед, ташаккур мекунам. Мо шуморо ноумед намекунем, Владимир Владимирович", - афзуд ӯ.
Владимир Путин дар посух гуфт, ки ба ин шубҳа надорад: "Ман шубха надорам, — гуфт дар хотима президент.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қайд кард, ки амалиёти вижа як тадбири зарурӣ буд ва Русия "имкони дигаре надошт, хатарҳои амниятӣ ба вуҷуд омадаанд, ки посух додан бо дигар воситаҳо ғайриимкон буд". Ба гуфтаи вай, Русия 30 сол боз талош дорад, ки бо НАТО дар бораи принсипҳои амнияти Аврупо мувофиқат кунад, аммо дар посух ё бо фиребу дурӯғ ва ё кӯшиши фишору шантаж рӯбарӯ мешавад, дар ҳоле ки Паймони атлантики шимолӣ бо вуҷуди эътирозҳои Маскав бемайлон васеъ ва ба сарҳадҳои Русия наздик мешавад.