Маълум шуд, ки Душанбе Наврӯзро бо кадом чорабиниҳо истиқбол мекунад

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбемуовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим
муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2023
Обуна шудан
Дар пойтахт дар рӯзҳои Наврӯз ду мусобиқаи байналмилалии варзишӣ ва Фестивали байналмилалии Наврӯз ва фестивали дӯстии ҷавонон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ахиран муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ба хотири амалӣ намудани қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои дар сатҳи зурурӣ баргузор намудани чорабиниҳои дарпешистода ҷаласи корӣ баргузор кард, иттилоъ додааст мақомоти раиси шаҳри Душанбе.
Одилзода Дилбар Раҳим қайд намуд, ки ҳамасола дар тамоми манотиқи кишвар, бахусус шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни аҷдодии Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳо бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд.
Дар ин рӯзҳо дар пойтахти кишвар гӯштини байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба Слалом, Фестивали байналмилалии Наврӯз ва фестивали дӯстии ҷавонон баргузор мешавад.
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2023
Рӯз ва соати дақиқи фарорасии Наврӯз дар Тоҷикистон маълум шуд
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаҳои марбут ба таҷлили чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои дарпешистода аз ҷумла, баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба слалом таҳти унвони “Тоҷикистон слалом опен” дар шаҳри Душанбе, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин дар ҷаласа масъалаи баргузории 4-умин мусобиқаи байналмилалии “Гӯштингирӣ” барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023, сеюмин Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” ва Фестивалҳои бозиҳои миллии варзишӣ дар майдончаҳои варзишӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0