Дар Тоҷикистон ноболиғи 15 -сола тағояшро корд зад

© Sputnik Машина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2023
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сокини 15- солаи шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи ҷанҷол тағои худро бо корд маҷрӯҳ кард
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар шаҳри Ваҳдат сокини 15 - солаи маҳаллӣ тағояшро корд зад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш нисфирӯзӣ аснои сар задани ҷанҷол миёни ҷиян ва тағо рух додааст.
"Ноболиғи 15-сола шаҳри Ваҳдат, дар аснои ҷанҷол тағояш, марди 49-соларо бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба қисмати шикамаш задааст", - омадааст дар хабарнома.
Ин ниҳод сабаби ҷанҷоли онҳоро ифшо накардааст, танҳо зикр намуд, ки "ҷабрдида мутобиқи маълумотномаи пешниҳоднамудаи беморхона ҷароҳати ҷисмонӣ дар шакли захми халидаю бурандаи ковокии шикам ва хунравии дохила, ки боиси вазнин шудани вазъи саломатиаш мебошад, бардоштааст".
Рашк ё хиёнат: марде дар Душанбе бо 25 зарби корд ҳамсарашро кушт
ВКД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи рухдода тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0