Сафири Русия рӯзноманигорони тоҷикро бо иди касбиашон табрик гуфт

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкСемен Григорьев, архивное фото
Семен Григорьев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2023
Обуна шудан
Мафҳуми асосие, ки сафири Русия дар Тоҷикистон зимни табрикоти худ таъкид кард, масъулияти кормандони ВАО дар назди хонандагон буд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев рӯзноманигорони тоҷикро бо иди касбӣ - Рӯзи матбуот табрик гуфт.
"Сухани чопӣ ҳамеша меъёри касбият ва одоби журналистӣ буд ва боқӣ мемонад", - гуфт ӯ.
Сафир инчунин аз масъулияти махсусе, ки бар души кормандони ВАО аст, ёдовар шуд.
Григорев ба рӯзноманигорони тоҷик нерӯи эҷодӣ ва хонандагони сипосгузорро таманно карда, ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҳамеша барои ҳамкорӣ омодааст.
Таджикские газеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2023
Дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил шуд
Қаблан сафир орденҳои дӯстии Русияро ба Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми кишвар ва Фарҳод Мирзоев, мудири кулли ширкати "Газпром нефт-Тоҷикистон" супурд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан Раҳимӣ ва Мирзоевро "барои хизматҳои махсус дар таҳкими сулҳ, дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни халқҳо" бо як фармон рӯзи 30 декабри соли 2022 мукофотонида буд.
Лентаи хабарҳо
0