https://sputnik.tj/20230310/otunboeva-tolibho-tavonoi-guruhho-terroristi-1055427539.html
Отунбоева: Гурӯҳи толибҳо тавоноии рӯёрӯӣ бо гурӯҳҳои террористиро надорад
Отунбоева: Гурӯҳи толибҳо тавоноии рӯёрӯӣ бо гурӯҳҳои террористиро надорад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси UNAMA гузоришаш дар бораи авзои Афғонистонро ба Шӯрои амният СММ, ки дар ҳол баргузорӣ аст, ироа кардааст
2023-03-10T20:15+0500
2023-03-10T20:15+0500
2023-03-10T20:15+0500
афғонистон
смм
гузориш
толибон
осиёи марказӣ
террорист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/10/1032102966_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_56558facd059ee0267268ac5f5ec2531.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Роза Отунбоева, раиси ҳайати муовинати СММ (UNAMA) дар нишасти Шӯрои амнияти ин созмон дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки гурӯҳи толибҳо умдатан кантроли кишварро дар даст доранд, аммо ба таври ризоят бахши тавонои рӯёрӯӣ бо гуруҳҳои террористӣ дар дохили Афғонистонро надорад.Вай гуфтааст, ки нигаронии коркардҳои пасин шохаи Хуросони ДОИШ* ва ҳамлаҳое, ки болои сифоратҳои Русияву Покистон ва ҳамчунон меҳмонхоне, ки дар он шумории зиёде аз шаҳрвандони Чин иқомат доштанд, аст.Вай афзудааст, ки талафоти мулкии ношӣ аз ин юришҳо қобили тавваҷуҳ буд.Вай хотирнишон кардааст, ки расонаҳо ва ҷомеъаи маданӣ дар ҳоли ҳозир аз маҳдудиятҳои молии ҷаддӣ ранҷ мебаранд ва ҳамчунон садои онҳо аз тариқи таҳдид ва иръоб ва гоҳе ҳам ба василаи иқдомоти саркубгарона тавассути идораҳои амниятии гурӯҳи толибҳо хафа мешавад.Ба бовари вай, тасмими мамнуъият рафтани духтарон ба мактабу донишгоҳ дар миёни афғонистониҳо ва ҳатто раҳбарони толибҳо нописандаст ва ин тасмим мавриди интиқоди ҳамаи ҷаҳони ислом қарор гирифтааст.Роза Отуебоева афзӯдааст, ки ҳарчанд ин тасмими равобити толибҳо бо ҷомеъаи ҷаҳониро тазъиф карда, аммо ҳамчунон ба қӯти хеш боқӣ монда ва имрӯз боиси осебе мешавад, ки дар ояндаи тӯлонӣ низ эҳсос хоҳад шуд.Раиси UNAMA аз ҷазоҳои толибон дар маҳзари ом низ иброз нигаронӣ карда аст.Гуфтаҳои Роза Отунбоева дар ҳоле баён мешавад, ки кишварҳои ҷаҳон ҳамвора аз истифода шудан аз хоки Афғонистон дар баробари худашон иброз нигаронӣ кардаанд.Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибони пас аз як муомилаи печида ва пинҳонӣ бо Амрикои як бори дигар бар Афғонистон чира шуд ва аз он замон то кунун дастурҳои сахтгиронаи зиёдӣ дар баробари мардуми Афғонистон ба вижаи бонувони ин кишвар ба иҷро гузоштааст.
https://sputnik.tj/20230309/eron-vakhimi-insoni-afghoniston-intiqod-1055397395.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/10/1032102966_112:0:1000:666_1920x0_80_0_0_ac3ed977e6973428ca0a476db4ff485d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибҳо, роза отунбаева, смм, шӯрои амният, гузориш, баргузорӣ, гузориш, террорист
афғонистон, толибҳо, роза отунбаева, смм, шӯрои амният, гузориш, баргузорӣ, гузориш, террорист
Отунбоева: Гурӯҳи толибҳо тавоноии рӯёрӯӣ бо гурӯҳҳои террористиро надорад
Раиси UNAMA гузоришаш дар бораи авзои Афғонистонро ба Шӯрои амният СММ, ки дар ҳол баргузорӣ аст, ироа кардааст
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Роза Отунбоева, раиси ҳайати муовинати СММ (UNAMA) дар нишасти Шӯрои амнияти ин созмон дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки гурӯҳи толибҳо умдатан кантроли кишварро дар даст доранд, аммо ба таври ризоят бахши тавонои рӯёрӯӣ бо гуруҳҳои террористӣ дар дохили Афғонистонро надорад.
Вай гуфтааст, ки нигаронии коркардҳои пасин шохаи Хуросони ДОИШ* ва ҳамлаҳое, ки болои сифоратҳои Русияву Покистон ва ҳамчунон меҳмонхоне, ки дар он шумории зиёде аз шаҳрвандони Чин иқомат доштанд, аст.
Вай афзудааст, ки талафоти мулкии ношӣ аз ин юришҳо қобили тавваҷуҳ буд.
Вай хотирнишон кардааст, ки расонаҳо ва ҷомеъаи маданӣ дар ҳоли ҳозир аз маҳдудиятҳои молии ҷаддӣ ранҷ мебаранд ва ҳамчунон садои онҳо аз тариқи таҳдид ва иръоб ва гоҳе ҳам ба василаи иқдомоти саркубгарона тавассути идораҳои амниятии гурӯҳи толибҳо хафа мешавад.
Ба бовари вай, тасмими мамнуъият рафтани духтарон ба мактабу донишгоҳ дар миёни афғонистониҳо ва ҳатто раҳбарони толибҳо нописандаст ва ин тасмим мавриди интиқоди ҳамаи ҷаҳони ислом қарор гирифтааст.
Роза Отуебоева афзӯдааст, ки ҳарчанд ин тасмими равобити толибҳо бо ҷомеъаи ҷаҳониро тазъиф карда, аммо ҳамчунон ба қӯти хеш боқӣ монда ва имрӯз боиси осебе мешавад, ки дар ояндаи тӯлонӣ низ эҳсос хоҳад шуд.
Раиси UNAMA аз ҷазоҳои толибон дар маҳзари ом низ иброз нигаронӣ карда аст.
Гуфтаҳои Роза Отунбоева дар ҳоле баён мешавад, ки кишварҳои ҷаҳон ҳамвора аз истифода шудан аз хоки Афғонистон дар баробари худашон иброз нигаронӣ кардаанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибони пас аз як муомилаи печида ва пинҳонӣ бо Амрикои як бори дигар бар Афғонистон чира шуд ва аз он замон то кунун дастурҳои сахтгиронаи зиёдӣ дар баробари мардуми Афғонистон ба вижаи бонувони ин кишвар ба иҷро гузоштааст.