https://sputnik.tj/20230310/oghozi-kishti-punbadona-viloyati-khatlon-1055406350.html
Оғози кишти пунбадона дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Оғози кишти пунбадона дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони 9820 гектар пунбадона кишт карда мешавад
2023-03-10T09:03+0500
2023-03-10T09:03+0500
2023-03-10T09:03+0500
дар тоҷикистон
ҷалолиддини балхӣ
хатлон
кишоварзӣ
кишт
пахта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102140/90/1021409065_0:103:4288:2515_1920x0_80_0_0_ee97c27ad90ae9884e3d222eb6d400eb.jpg
ДУШАНБЕ, 10мар — Sputnik. Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон кишоварзон дар баробари омодагии ҳамаҷониба ба кишти баҳории зироат, аз ҷумла пунбадона оғоз намуданд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.Бино ба иттилои манбаъ, иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар оғози маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонӣ-фермерии "Зумрад-1" иштирок намуд.Хоҷагии деҳқонӣ-фермерии "Зумрад-1"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Кайҳонии Ҷамоати шаҳраки Гулистон ҷойгир буда, аз соли 2010 инҷониб фаъолияти пурсамар дорад.Майдони умумии замини хоҷагӣ 24 гектарро ташкил медиҳад ва соли равон саҳмдорони хоҷагӣ азм доранд, ки дар майдони 15 гектар пунбадона кишт кунанд.Тибқи иттилои оморӣ, соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар майдони 9820 гектар пунбадона кишт карда мешавад.Хоҷагидорони ҷамоати шаҳраки Гулистон имсол ният доранд, ки дар майдони 1550 гектар кишти беҳтарин навъи чигитро ба роҳ монанд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ кишти пунбадона бомаром идома дорад.
https://sputnik.tj/20230113/jamovarii-tonna-pakhta-khatlon-1054193769.html
ҷалолиддини балхӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102140/90/1021409065_490:0:4287:2848_1920x0_80_0_0_8c8732ddcdf7f62e981a59520edf2657.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, пунбадона, кишт, кишоварзӣ, ҷалолиддини балхӣ
тоҷикистон, хатлон, пунбадона, кишт, кишоварзӣ, ҷалолиддини балхӣ
Оғози кишти пунбадона дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Дар соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони 9820 гектар пунбадона кишт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 10мар — Sputnik. Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон кишоварзон дар баробари омодагии ҳамаҷониба ба кишти баҳории зироат, аз ҷумла пунбадона оғоз намуданд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Бино ба иттилои манбаъ, иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар оғози маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонӣ-фермерии "Зумрад-1" иштирок намуд.
Хоҷагии деҳқонӣ-фермерии "Зумрад-1"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Кайҳонии Ҷамоати шаҳраки Гулистон ҷойгир буда, аз соли 2010 инҷониб фаъолияти пурсамар дорад.
Майдони умумии замини хоҷагӣ 24 гектарро ташкил медиҳад ва соли равон саҳмдорони хоҷагӣ азм доранд, ки дар майдони 15 гектар пунбадона кишт кунанд.
Тибқи иттилои оморӣ, соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар майдони 9820 гектар пунбадона кишт карда мешавад.
Хоҷагидорони ҷамоати шаҳраки Гулистон имсол ният доранд, ки дар майдони 1550 гектар кишти беҳтарин навъи чигитро ба роҳ монанд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ кишти пунбадона бомаром идома дорад.