Бо муштҳои обдор: Терминатори тоҷик ҳарифи бразилияшро чи гуна "нокаут" кард- видео

Обуна шудан
Ду дақиқа кифоя буд, ки Терминатори тоҷик бо задани зарбаҳои обдор муборизаро бо Наталисио Филюи бразилӣ пешакӣ ба анҷом расонад
Набарди варзишгари тоҷик Фаридун Одилов бо Наталисио Фило, ки рақобати шоми Absolute Championship Akhmat 153 буд, ки бо нокаути бразилӣ дар даври аввал анҷом ёфт.
Барои хотима додан ба мубориза, барои "Терминатор" ҳамагӣ ду дақиқа кифоя буд.
Ӯ бо як зарбаи сахт рақибро ба замин партофт ва баъд аз он дар рӯи замин корашро анҷом дод - довар ҳатто маҷбур шуд, ки ӯро аз болои Фило, ки дар рӯи фарш хобида буд, дур кунад.
Терминатори тоҷик эрониро дар даври аввал "нокаут" кард: видео
Ин 16-умин пирӯзии Одилов аст, ва тибқи шартнома дар АСА боз чаҳор набарди дигар доир мекунад.
Дар шоми ACA 153 ҷавони дигари тоҷик Анис Ёқубов низ ширкат кард. Ӯ дар даври аввал варзишкори қирғиз Асан Сапарбайро бо усули буғӣ кардан мағлуб сохт.
Дар набарди дигар бошад, Давлатманд Чупонов бар ҳарифи бразилияш Карлос Аугусто да Силва шикаст хӯрд.
Лентаи хабарҳо
0