ДОИШ* масъулияти террори волии Балхро бар уҳда гирифт

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARБоец Талибана стоит у шлагбаума
Боец Талибана стоит у шлагбаума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2023
Обуна шудан
Ахиран гурӯҳи террористии ДОИШ* масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ ба Муҳаммаддовуд Музмал, волии толибҳо дар вилояти Балхро пазируфт
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Пойгоҳи хабарии мунтасаб ба гурӯҳи террористии ДОИШ*, фарди интиҳоркунандаро Абдулҳақи Хуросонӣ муаррифӣ ва эълом кардааст, ки ӯ пас аз убур аз мавонеъи амниятӣ худро ба дафтари кори волии толибон расонд ва мунфаҷир кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Юриши интиҳорӣ бар дафтари Муҳаммаддовуди Музмал, волии толибон дар вилояти Балхи субҳи рӯзи панҷшанбе анҷом шуд.
Ҳукумати толибҳо кушта шудани Музмал ва ду "ғайринизомӣ" дигар дар ин инфиҷорро таъйид кардаанд.
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2023
Вуқуъи инфиҷор дар фармондеҳии вилояти Балх: Волии толибҳо дар ин вилоят кушта шуд
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯии толибҳо дар саҳифаи твиттерии худ ин инфиҷорро ба "душманони ислом" рабт дода ва аз оғози таҳқиқот дар ин бора хабар додааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки ин баландпоятарин мақом толибҳост, ки дар як ҳамлаи ДОИШ* кушта мешавад. Ба нақл аз “Амақ”, ДОИШ ҳамалот бар мақомоти баландпояи толибҳоро афзоиш хоҳад дод.
*- созмони террористиии мамнуъ дар қаламрави Русия
Лентаи хабарҳо
0