Тасмими таъсиси Шӯрои соҳибкорон ва Фонди муштараки сармогузорӣ миёни Тоҷикистону Қатар

© Министерство экономического развития и торговли ТаджикистанаВстреча Министра экономического развития и торговли Таджикистана с Министром торговли и промышленности Государства Катар
Встреча Министра экономического развития и торговли Таджикистана с Министром торговли и промышленности Государства Катар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2023
Обуна шудан
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон иддао дарад, ки муносибатҳои кишвар бо давлати Қатар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромадааст
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Тоҷикистон ва Қатар тасмим гирифтаанд, ки Шӯрои соҳибкорон ва Фонди муштараки сармогузорӣ таъсис диҳанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим ал-Абдуллоҳ Оли Сонӣ баргузор гардид.
Дар ин мулоқот таъкид шуд, ки муносибатҳои ду давлат пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар кутоҳтарин муҳлат ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор намуда, дар доираи он масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, савдою хизматрасонӣ, содироти молу маҳсулот ва дигар соҳаҳоро густариш диҳанд.
Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти Қатар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2023
Баррасии густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Қатар
Ҳамчунин дар ин мулоқт зарурати фаъолсозии робитаҳои бахши хусусӣ ва нақши муассири он дар рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат таъкид карда шуд.
Завқӣ Завқизода ба Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар пешниҳод кард, ки бо мақсади иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои роҳбарони олии ҳар ду давлат, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба Шӯрои соҳибкорон ва Фонди муштараки сармогузорӣ таъсис дода шавад.
Дар ҳамин ҳол, оқои Завқизода аз вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим ал-Абдуллоҳ Оли Сонӣ даъват кард, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0