Офати табиӣ роҳ самти ВМКБ -ро баст

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкАвтомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе
Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, офати табиӣ дар роҳи самти ВМКБ талафоти ҷонӣ дар пай надошт, вале роҳ бастааст
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар роҳи нақлиётгарди Дарвоз-Ванҷ-Рӯшон офати табиӣ сар зад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ба иттилои манбаъ, дар километри 472 -юми ин шоҳроҳ, дар ҳудуди деҳаи Шипати ноҳияи Рӯшон сангрезӣ ба амал омад, ки дар натиҷа роҳро барои ҳаракати тамоми намуди нақлиёт баст.
Ин ниҳод мегӯяд, офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надошт ва феълан мутахассисон ба тоза кардани роҳ аз сангу хок машғуланд.
Резиши санг дар роҳи ин минтақа дар ҳолест, ки субҳи барвақт ВМКБ -ро як офати дигари табиӣ такон дод.
КҲФ заминҷунбӣ ВМКБ -ро шарҳ дод
КҲФ хабар дод, ки заминҷунбӣ соати 06:37 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар 366 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 90 километрии ғарби ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди Тоҷикистон рух дод.
"Қувваи ларзиши замин дар марказ 4 балл ва дар ноҳияи Мурғоб ба 2 дараҷа баробар буд. Талафти ҷонӣ ва хисороти молӣ ба қайд гирифта нашуд", - тавзеҳ дод ин ниҳод.
Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҷунбиши замин рух медиҳад.
Шадидтарини он рӯзи 23 феврал дар наздикии Мурғоб буд ва қувваи он 7.3 баллро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0