Бо гуштингирӣ ва меҳмонон аз хориҷ: Дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз оғоз шуд - акс
19:45 09.03.2023 (Навсозишуда: 20:10 09.03.2023)
© дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ
© дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ
Обуна шудан
Эксклюзив
То ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон 12 рӯз мондааст, ки аммо ар деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ин ҷашнро пеш аз мӯҳлат таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 9 март – Sputnik. Дар деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ дар радифи рӯзи Модарон нахустин шуда дар Тоҷикистон иди Наврӯзро ҷашн гирифтанд.
Дар ҳоле, ки дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон барои ҷашни Наврӯз, рӯзи 20 ва 21 мартро интизор мешаванд, дар деҳоти ноҳияи Масчоҳ ин идро таҷлил намудаанд.
Фитрати Ҳикмат, сармуҳаррири рӯзномаи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ “Машъал” аз ҷашнгирии Наврӯз дар ин ноҳия ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Вай афзуд, ки таҷлили Наврӯз дар Палдорак, сароғози ин ид дар Тоҷикистон аст.
“Наврӯзи дар ин деҳа хеле хушу хотирмонд таҷлил шуд. Мусобиқаи кушоди гуштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он паҳлавонон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва аз кишварҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ширкат варзиданд” – гуфт, Ҳикмат.
Сокинони Палдорак мегуянд, Наврӯз дар ин деҳа тибқи тақвими “Махдумӣ” ва бо риояи анъанаву арзишҳои миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Тибқи ин тақвим фарорасии Наврӯз 10 барвақт аз рӯзҳои 20 -21 март фаро мерасад.
© дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ
деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ
© дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ
Ҳодихуҷа Иброҳимов, ҷомеашиноси тоҷик мегуяд, ҳанӯз дар асрҳои 10 мардумони мастчоҳӣ шурӯъ аз рӯзҳои 8 - 10 март ба ҷашнгирии Наврӯз оғоз менамуданд.
“Дар замони Шуравӣ аз он, ки санаи 10 март бештар ба рӯзҳои корӣ рост меомад, аз ҳамин лиҳоз Наврӯзро дар радифи иди Модарон, ки барои ҳамагон рӯзи истироҳатӣ ҷашн мегирифтанд. Аз ҳамон вақт ба ин тараф ҷашнгирии Наврӯз дар Мастчоҳ аз санаи 8 – уми март шурӯъ мешавад” – таъкид намуд, коршинос.
Маврид ба зикр аст, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои милли тоҷикон буда он ҳамасола аз санаи 21 – 25 уми март қайд карда мешавад ва барои аҳолии Тоҷикистон ин рӯзҳои фориғ аз кор ва истироҳатӣ эълом карда мешавад.
© Дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ
деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ
© Дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ
Фитрати Ҳикмат гуфт, ки дар ҷашни наврӯзии Палдорак Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ иштирок намуда ин ҷашнро, ҷузъе аз ганҷинаи фарҳанги миллӣ арзёбӣ намудааст.
“Ҷашни Наврӯз ба қалби сокинони хурду бузурги сайёра шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад”, зикр кардааст, раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Дар маросими ҷашнгири аз Наврӯз дар деҳоти ноҳияи Мастчоҳ ба ҳисоби сокинон ва масъулини ҳукумат, як идда меҳмонон аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ ташриф овардаанд.
Баргузории бозиҳои варзишии миллӣ, ба мисли гуштин аз суннатҳое буда, ки Наврӯзи деҳоти Масчтоҳро шукӯҳманд сохтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2010 дар Маҷмааи умумии СММ, Наврӯзро ҳамчун иди байналмиллалӣ эътироф шуд ва аз он вақт ба ин тараф дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин ид ҷашн гирифта мешавад.