https://sputnik.tj/20230309/eloni-mukholifin-gurjiston-tazohurot-khotima-1055395982.html
Эълони мухолифин дар Гурҷистон: Ба тазоҳурот хотима намедиҳем
Эълони мухолифин дар Гурҷистон: Ба тазоҳурот хотима намедиҳем
Sputnik Тоҷикистон
Мухолифин дар Гурҷистон новобаста аз бозхонди қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ аз сӯйи парлумон ба тазоҳурот идома медиҳад
2023-03-09T15:30+0500
2023-03-09T15:30+0500
2023-03-09T15:30+0500
гурҷистон
сиёсат
тазоҳурот
эътироз
идома
мухолифин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/09/1055395764_0:119:1280:839_1920x0_80_0_0_8a45411cb368c40f18d3328789a1e4d2.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҳизби мухолиф дар Гурҷистон “Гирчи - озодии бештар!", намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва донишҷӯён эътирозҳоро новобаста аз бозхонди лоиҳаи қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ идома медиҳанд."Имрӯз ҳатман як иқдом мешавад. Ҷавонон ба Орзуи Гурҷистон эътимод надоранд. Мо ду нуктаро талаб мекунем: БА мо бояд ба таври ошкоро фаҳмонанд, ки онҳо чӣ гуна тарҳро бозпас гирифтаанд ва дуюм, бояд он нафаронеро, ки боздошт шудаанд озод шаванд”, - гуфт сиёсатмадор дар нишасти хабарӣ.Тазоҳуроти нав шоми имрӯз ба нақша гирифта шудааст, он ҳамчунин дар назди бинои парлумон баргузор мешавад.Дар бораи бозхонди тарҳи қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ ахиран ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” ва ҳизби “Нерӯи мардум” эълом карданд.Тавре зикр гардид, “нерӯҳои муайян” тавонистанд, ин ташаббусро ба таври манфӣ муаррифӣ кунанд ва шаҳрвандонро мутмаин сохтанд, ки ин лоиҳа ба қонуни Русия шабоҳат дорад, ки онро метавон даст кашидан аз роҳи аврупоии кишвар арзёбӣ кард.Рӯзи 7 март дар назди бинои порлумони Гурҷистон дар Тифлис эътирозҳои оммавӣ алайҳи қабули қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ оғоз ёфт, ки он ба задухӯрд бо пулис анҷом ёфт. Нерӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани гирдиҳамоӣ аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода карданд.Ба иттилои ВКД, пулис дар маҷмӯъ 133 нафарро боздошт кардааст.
https://sputnik.tj/20230309/gurjiston-etirozgaron-gaz-ashkovar-parokanda-1055394021.html
гурҷистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/09/1055395764_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_a19cea3bd07758f028fe32cdc183b5ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гурҷистон, тазошурот, хотима, мухолифин, парлумон, агент, бозхонд
гурҷистон, тазошурот, хотима, мухолифин, парлумон, агент, бозхонд
Эълони мухолифин дар Гурҷистон: Ба тазоҳурот хотима намедиҳем
Мухолифин дар Гурҷистон новобаста аз бозхонди қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ аз сӯйи парлумон ба тазоҳурот идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҳизби мухолиф дар Гурҷистон “Гирчи - озодии бештар!", намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва донишҷӯён эътирозҳоро новобаста аз бозхонди лоиҳаи қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ идома медиҳанд.
"Имрӯз ҳатман як иқдом мешавад. Ҷавонон ба Орзуи Гурҷистон эътимод надоранд. Мо ду нуктаро талаб мекунем: БА мо бояд ба таври ошкоро фаҳмонанд, ки онҳо чӣ гуна тарҳро бозпас гирифтаанд ва дуюм, бояд он нафаронеро, ки боздошт шудаанд озод шаванд”, - гуфт сиёсатмадор дар нишасти хабарӣ.
Тазоҳуроти нав шоми имрӯз ба нақша гирифта шудааст, он ҳамчунин дар назди бинои парлумон баргузор мешавад.
Дар бораи бозхонди тарҳи қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ ахиран ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” ва ҳизби “Нерӯи мардум” эълом карданд.
Тавре зикр гардид, “нерӯҳои муайян” тавонистанд, ин ташаббусро ба таври манфӣ муаррифӣ кунанд ва шаҳрвандонро мутмаин сохтанд, ки ин лоиҳа ба қонуни Русия шабоҳат дорад, ки онро метавон даст кашидан аз роҳи аврупоии кишвар арзёбӣ кард.
Рӯзи 7 март дар назди бинои порлумони Гурҷистон дар Тифлис эътирозҳои оммавӣ алайҳи қабули қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ оғоз ёфт, ки он ба задухӯрд бо пулис анҷом ёфт. Нерӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани гирдиҳамоӣ аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода карданд.
Ба иттилои ВКД, пулис дар маҷмӯъ 133 нафарро боздошт кардааст.