Маълум шуд, ки вазири умури хориҷии Туркманистон кай ва ба чӣ ҳадаф ба Тоҷикистон меояд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Туркменистана Рашид Мередов
Министр иностранных дел Туркменистана Рашид Мередов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2023
Обуна шудан
Дар рӯзи таҷлили Рӯзи Модар вазири умури хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф меорад
ДУШАНБЕ, 8мар — Sputnik. Тибқи нақша рӯзи 8 март муовини раиси Девони вазирон, вазири умури хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф меорад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки дар доираи ин сафар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Туркманистон баргузор гардад.
Ҳамчунин тибқи нақша, дар доираи сафар мулоқоти роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистону Туркманистон пешбинӣ шудааст.
“Дар рафти музокирот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба бо назардошти мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар назар аст, муфассал баррасӣ хоҳанд шуд”,- таъкид кардааст ВУХ Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Туркманистонро намояндагони Бонки марказӣ, Вазорати маориф, Агентии нақлиёт ва коммуникатсия, Палатаи савдо ва саноат ва дигар идораҳои давлатии Туркманистон ҳамроҳӣ менамоянд.
Вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2022
Аз сиёсат то тиҷорату фарҳанг: Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар Ишқобод
Сафари расмии муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба Тоҷикистон рӯзҳои 8-9- уми март пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0