Вазири хориҷии Туркманистон вориди Душанбе шуд

© МИД ТаджикистанаГлава МИД Туркменистана прибыл в Душанбе
Глава МИД Туркменистана прибыл в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2023
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳамтои туркманашро, ки ба Душанбе бо сафари расмӣ омадааст, дар фурудгоҳи пойтахт шахсан пешвоз гирифт
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Нимаи дуюми рӯз муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт меҳмони олиқадрро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пешвоз гирифт.
© МИД ТаджикистанаГлава МИД Туркменистана прибыл в Душанбе
Глава МИД Туркменистана прибыл в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2023
Глава МИД Туркменистана прибыл в Душанбе
Иттилоъ дода шудааст, ки дар чаҳорчӯби сафар роҳбари мақоми сиёсати хориҷии Туркманистон аз ҷониби раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта мешавад.
Ҳамчунин, музокироти дуҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.
Қарор аст дар рафти музокирот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба бо назардошти мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар назар аст, муфассал баррасӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Туркманистонро намояндагони Бонки марказӣ, Вазорати маориф, Агентии нақлиёт ва коммуникатсия, Палатаи савдо ва саноат ва дигар идораҳои давлатии Туркманистон ҳамроҳӣ менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0