Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон поён шуд: 30 дирам – видео

Обуна шудан
Эксклюзив
Нархи сӯзишвории дизелӣ яке аз умдатарин маводи сӯхт дар хоҷагии халқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ поин рафтааст
Бино ба нархномаи ҷадид, қимати фурӯши солярка дар шаҳру навоҳии Суғд то ба 11,3 сомонӣ муқаррар шудааст. То чанд рӯзи пеш арзиши ин навъ маводи сӯхт ба 11,6 сомонӣ баробар буд.
Фурӯшандаҳои маводи сӯхт дар вилояти Суғд сабаби поёнравии нархи сӯзишвории дизелиро шарҳ доданд.
Наим Шаропов, як корманди ширкати ТСН (АЗС) дар Хуҷанд дар гуфт, ки поёнравии нарх аз ҳисоби воридоти мол вобастагӣ дорад.
“Ҳар қадаре, ки бештар ворид шавад, ҳамон қадар имкони поёнравии нарх вуҷуд дошта метавонад, зеро ин тақозои бозор аст” - гуфт, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол баъзе дигар аз роҳбарони ширкатҳо поёнравии нархи соляркаро ба коҳишёбии қурби доллари амрикоӣ рабт медиҳанд.
Бино ба иттилоъи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон давоми ду се рӯзи охир қурби 100 доллари амрикоӣ аз 1160 сомонии қаблӣ то ба 1100 сомонӣ поён рафтааст. Дар бонкҳои расми нархи доллар аз ин ҳам поёнтар гуфта мешавад.
Дар оғози мавсими кишти кори баҳорӣ поён шудани қиммати солярка, қабл аз ҳама кишоварзонро хушҳол мегардонад.
Афзоиши вуруди худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон
Кишоварзони суғдӣ мегуянд, бештари кору бори замин шурӯъ аз кишти зироат то гирифтани ҳосили он аз ҳисоби техникаҳое сурат мегирад, ки бо сӯзишвории дизелӣ кор мекунанд.
Дар ин миён ронандаҳои мусофиркашонӣ ҳам аз поёнравии арзиши маводи сӯхт изҳори хушнудӣ мекунанд.
Мавлон Каримов, як ронандаи мусофиркашонӣ мегуяд, ки поёнравии арзиши сӯзишворӣ боиси фарох гардидани фаъолияти онҳо хоҳад шуд.
“Ҳар қадаре, ки арзон шавад, ҳамон қадар ҳаракати воситаҳои нақлиёт бештар мешавад” - зикр кард, ронандаи таксӣ.
Бар асоси нархномаи ҷадиде, ки ширкатҳо мураттаб намудаанд, тағйирот танҳо дар фурӯши сӯзишвории дизелӣ мушоҳида шуда, арзиши бензин ва гази моеъ ба мисли рӯзҳои қаблӣ бетағйир аст.
Андози роҳ барои воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон 6 дарсад баланд шудааст
Зимнан арзиши бензини АИ 92 – 7,8 сомонӣ, АИ 95 – 8,2 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11,3 ва гази моеъ 3,9 сомонӣ аст.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0