Кобулов: Русия созишномаҳои интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Афғонистонро иҷро мекунад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЗамир Кабулов на IV заседание Московского формата консультаций по Афганистану
Замир Кабулов на IV заседание Московского формата консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2023
Обуна шудан
Тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда дар бораи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Афғонистон амалӣ мешаванд ва имкони афзоиши онҳо ба дархости Кобул бастагӣ дорад
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ҷониби Русия созишномаҳои интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Афғонистонро иҷро мекунад.
Дар ин бора, намояндаи вижаи кишвардори Русия дар умури Афғонистон, мудири департаменти дуюми Осиёии вазорати корҳои хориҷӣ Замир Кабулов дар нахустин нишасти намояндагони вижаи кишварҳо – ҳамсояҳои Афғонистон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, имкони афзоиши онҳо ба дархостҳои Кобул бастагӣ дорад.
"Ин аз он вобаста аст, ки ҷониби Афғонистон ин масоилро матраҳ мекунад ё на. Ҳар чизе, ки онҳо барои таъминот дархост кардаанд, маводи тиҷорӣ аст, ҳамааш иҷро мешавад", - гуфт Кобулов.
Вай ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст ба хабаргузории РИА "Новости" гуфтааст, ки мақомоти Русия барои афзоиши теъдоди кормандони сафорати Афғонистон дар Русия иҷоза додаанд.
"Мо иҷоза додем, ки теъдоди кормандони сафорат (Афғонистон - шарҳ аз идора) зиёд карда шавад. Як нафар буд (корманд - шарҳ аз идора.), ҳоло се нафаранд", - таъкид кард ӯ.
Кобулов гуфт, кӣ метавонад толибҳоро аз қудрат сарнагун кунад
Дар Тошканд, 7 март аввалин нишасти машваратии намояндагони махсуси кишварҳои ҳамсояи Афғонистон кушода шуд.
Дар он намояндагони Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат доранд.
Тафсилоти муҳими музокироти Кабулов бо толибҳо маълум шуд
Қаблан хабар дода шуд, ки намояндагони тоҷирони Русия, сармоягузорон аз Эрон ва мутахассисони Покистон бо вазорати саноат ва тиҷорати Афғонистон як ёддошт дар бораи тарҳҳои зербиноӣ ба маблағи як миллиард доллар имзо кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0