https://sputnik.tj/20230307/naqsha-daromadi-bujai-tojikiston-barziyod-1055370057.html
Даромади буҷаи Тоҷикистон аз нақша барзиёд иҷро гардид
Даромади буҷаи Тоҷикистон аз нақша барзиёд иҷро гардид
Sputnik Тоҷикистон
Қисми даромади будҷаи давлатии Тоҷикистон дар моҳи январ барзиёд иҷро шудааст. Дар маҷмуъ дар буҷаи давлатӣ хароҷот аз даромад барзиёд ба нақша гирифта шудаанд
2023-03-07T20:10+0500
2023-03-07T20:10+0500
2023-03-07T20:10+0500
иқтисод
дар тоҷикистон
буҷа
сомонӣ
буҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Нақшаи даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар моҳи аввали соли равон ҳудуди 7,7% барзиёд иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки даромади буҷаи давлат дар моҳи январ беш аз 3,2 млрд сомониро ташкил додаст. Бар асоси омори ин ниҳод, ҳаҷми даромади воқеӣ дар муқоиса ба ҳаҷми пешбинишуда наздики 8% зиёдтар мебошад. Бар асоси буҷаи соли 2023, даромади давлат дар соли ҷорӣ ҳудуди 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Даромади буҷаи давлат дар соли ҷорӣ аз гузашта беш аз 12,3% ва ё 4,1 млрд сомонӣ бештар мебошад.Дар ҳамин ҳол қисмати хароҷоти буҷаи давлатӣ 38,1 млрд сомониро ташкил додаст, ки нисбати даромади пешбинишуда ҳудуди 1 млрд сомонӣ зиёд аст. Хароҷот дар соли равон дар муқоиса бо соли гузашта 13% ё ҳудуди 4,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.Бар асоси дурнамои таъйидшуда, хароҷоти Тоҷикистон аз буҷети давлат дар соли 2025 ҳудуди 45 млрд сомонӣ пешбинӣ шудаанд, ки дар муқоиса бо ҳаҷми даромад қариб 1 млрд сомонӣ зиёд аст.Ҳамчунин нишондодҳои харҷу дахли соли 2024 низ таъйид шудаанд, ки даромад беш аз 41 млрд сомонӣ ва хароҷот наздик ба 42 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20230120/kasri-buja-tojikiston-pushonida-1054376405.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷро, барзиёд, нақша, даромад, буҷа, иҷро
иҷро, барзиёд, нақша, даромад, буҷа, иҷро
Даромади буҷаи Тоҷикистон аз нақша барзиёд иҷро гардид
Қисми даромади будҷаи давлатии Тоҷикистон дар моҳи январ барзиёд иҷро шудааст. Дар маҷмуъ дар буҷаи давлатӣ хароҷот аз даромад барзиёд ба нақша гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Нақшаи даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар моҳи аввали соли равон ҳудуди 7,7% барзиёд иҷро шудааст.
Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки даромади буҷаи давлат дар моҳи январ беш аз 3,2 млрд сомониро ташкил додаст.
Бар асоси омори ин ниҳод, ҳаҷми даромади воқеӣ дар муқоиса ба ҳаҷми пешбинишуда наздики 8% зиёдтар мебошад.
Бар асоси буҷаи соли 2023, даромади давлат дар соли ҷорӣ ҳудуди 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Даромади буҷаи давлат дар соли ҷорӣ аз гузашта беш аз 12,3% ва ё 4,1 млрд сомонӣ бештар мебошад.
Дар ҳамин ҳол қисмати хароҷоти буҷаи давлатӣ 38,1 млрд сомониро ташкил додаст, ки нисбати даромади пешбинишуда ҳудуди 1 млрд сомонӣ зиёд аст. Хароҷот дар соли равон дар муқоиса бо соли гузашта 13% ё ҳудуди 4,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Бар асоси дурнамои таъйидшуда, хароҷоти Тоҷикистон аз буҷети давлат дар соли 2025 ҳудуди 45 млрд сомонӣ пешбинӣ шудаанд, ки дар муқоиса бо ҳаҷми даромад қариб 1 млрд сомонӣ зиёд аст.
Ҳамчунин нишондодҳои харҷу дахли соли 2024 низ таъйид шудаанд, ки даромад беш аз 41 млрд сомонӣ ва хароҷот наздик ба 42 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст.