https://sputnik.tj/20230307/khalilzod-khuruj-qayd-shart-amriko-afghoniston-ishtiboh-1055347834.html
Халилзод: Хуруҷи бе қайду шарти Амрико аз Афғонистон иштибоҳ буд
Халилзод: Хуруҷи бе қайду шарти Амрико аз Афғонистон иштибоҳ буд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи вижаи ИМА барои Афғонистон ахиран хуруҷи бидуни қайду шарти нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишварро иштибоҳи бузург хонд
2023-03-07T09:03+0500
2023-03-07T09:03+0500
2023-03-07T09:03+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
амрико
артиш
иштибоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102193/47/1021934794_0:0:3672:2066_1920x0_80_0_0_5cd6a05704dbc2a684a2e8b29ebaf3ee.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар сурати қавӣ будани эҳтимол ташкили ҳукӯмати ҷадид байни тарафҳои афғон бо толибҳо, Амрико эҳтимолан хуруҷи неруҳои худро ба таъхир меандохт, гуфт ахиран намояндаи пешини вижаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод.Вай бо интиқод аз Ашрафи Ғанӣ афзуд, ки ӯ барои эҷоди як ҳукумати ҷадид дар Афғонистони содиқона ҳамкорӣ намекард, ба ин далел, ки бовар надошт Амрико аз Афғонистон хориҷ хоҳад шуд.Намояндаи собиқи Амрико дар умури Афғонистони ҳукумати Ғаниро дар суқути Кобул муқассир донист ва гуфт, бо касоне ҳамкор будем, ки натавонистанд коре, ки аз онҳо таваққуъ буд анҷом диҳанд.Халилзод бо изҳори инки фасоди молӣ ва идорӣ ришваситони дар давлати Ғании сар ба фалак кашида буд изофа кард, ин фасоди густарда эътимоди артиш ба давлатро аз байни барда буд.Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз Афғонистон, нерӯҳои толибҳо дар аввал минтақаҳо ва нимаи моҳи августи соли 2021 Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ дар кишвар ва хатми ҷанг хабар доданд.7 сентябри ҳамон сол толибҳо кобинаи муваққатиеро таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасани Охунд эълон карданд аммо то ҳол ҳеҷ кишвар ҳукумати толибҳоро эътироф накардааст.
https://sputnik.tj/20230306/zalmay-khalilzod-ghani-hushdor-nodida-girift-1055339405.html
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102193/47/1021934794_0:0:3264:2448_1920x0_80_0_0_a2459b0e0fa22c3ec3e423b934323cd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, халилзод, амрико, има, нерӯҳои амрикоӣ, хуруҷ, шарт иштибоҳ, толибҳо,
афғонистон, халилзод, амрико, има, нерӯҳои амрикоӣ, хуруҷ, шарт иштибоҳ, толибҳо,
Халилзод: Хуруҷи бе қайду шарти Амрико аз Афғонистон иштибоҳ буд
Намояндаи вижаи ИМА барои Афғонистон ахиран хуруҷи бидуни қайду шарти нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишварро иштибоҳи бузург хонд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар сурати қавӣ будани эҳтимол ташкили ҳукӯмати ҷадид байни тарафҳои афғон бо толибҳо, Амрико эҳтимолан хуруҷи неруҳои худро ба таъхир меандохт, гуфт ахиран намояндаи пешини вижаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод.
Вай бо интиқод аз Ашрафи Ғанӣ афзуд, ки ӯ барои эҷоди як ҳукумати ҷадид дар Афғонистони содиқона ҳамкорӣ намекард, ба ин далел, ки бовар надошт Амрико аз Афғонистон хориҷ хоҳад шуд.
Намояндаи собиқи Амрико дар умури Афғонистони ҳукумати Ғаниро дар суқути Кобул муқассир донист ва гуфт, бо касоне ҳамкор будем, ки натавонистанд коре, ки аз онҳо таваққуъ буд анҷом диҳанд.
Халилзод бо изҳори инки фасоди молӣ ва идорӣ ришваситони дар давлати Ғании сар ба фалак кашида буд изофа кард, ин фасоди густарда эътимоди артиш ба давлатро аз байни барда буд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз Афғонистон, нерӯҳои толибҳо дар аввал минтақаҳо ва нимаи моҳи августи соли 2021 Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ дар кишвар ва хатми ҷанг хабар доданд.
7 сентябри ҳамон сол толибҳо кобинаи муваққатиеро таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасани Охунд эълон карданд аммо то ҳол ҳеҷ кишвар ҳукумати толибҳоро эътироф накардааст.