https://sputnik.tj/20230306/tojikiston-nazdiki-mln-nihol-1055331246.html
Дар Тоҷикистон беш аз млн бех ниҳол шинонда мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз млн бех ниҳол шинонда мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон дурнамои таъйидшудаи ниҳолшинонӣ дар мавсими ҷориро эълон карда, афзуд, ки чӣ қадараш иҷро шуд
2023-03-06T12:38+0500
2023-03-06T12:38+0500
2023-03-06T12:40+0500
дар тоҷикистон
ниҳол
дарахтон
кумитаи ҳифзи муҳити зист
мева
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102837/17/1028371741_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_1d89508e3db35594972595b43385fdd9.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар Тоҷикистон шинонидани қариб 1,2 миллион бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" бо такя ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дода афзудааст, ки нақша шомили дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ мебошад. Манбаъ афзуд, ки то ҳол қариб 700 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст, ки аз он 250 ҳазор бех сояафкан, 310 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва 51 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда мебошад. Таъкид шудааст, ки ҳоло бо фарорасии фасли баҳор маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат босуръат идома дорад. Зикр гардидааст, ки ҳамасола дар мавсими ниҳолшинонӣ дар мамлакат беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешавад, ки бархеяшон намесабзанд. Дар қатори сабабҳои насабзидани қисме аз ниҳолҳо, номусоидии боду ҳаво, нодуруст шинонидан, об надодан ва нигоҳубину парвариш накардан, зикр гардидаанд. Мутахассисон изҳор медоранд, ки кандану интиқоли ниҳол аз як минтақа ба минтақаи дигар муҳлат дорад ва дар сабзишу нашъунамои он дар оянда нақши муҳим мебозад.Таъкид гардидааст, ки ҳангоми шинонидани ниҳоли дарахтон бояд тарзу усули шинонидан риоя гардад.
https://sputnik.tj/20230222/raisi-viloyati-khatlon-kambudi-kishovarzi-1055126350.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102837/17/1028371741_156:0:1976:1365_1920x0_80_0_0_bf757034f8f69198bf2f5260e64d5172.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъйид, нақша, ниҳол, тоҷикистон, шинондан
таъйид, нақша, ниҳол, тоҷикистон, шинондан
Дар Тоҷикистон беш аз млн бех ниҳол шинонда мешавад
12:38 06.03.2023 (Навсозишуда: 12:40 06.03.2023) Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон дурнамои таъйидшудаи ниҳолшинонӣ дар мавсими ҷориро эълон карда, афзуд, ки чӣ қадараш иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар Тоҷикистон шинонидани қариб 1,2 миллион бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" бо такя ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дода афзудааст, ки нақша шомили дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ мебошад.
Манбаъ афзуд, ки то ҳол қариб 700 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст, ки аз он 250 ҳазор бех сояафкан, 310 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва 51 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда мебошад.
Таъкид шудааст, ки ҳоло бо фарорасии фасли баҳор маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат босуръат идома дорад.
Зикр гардидааст, ки ҳамасола дар мавсими ниҳолшинонӣ дар мамлакат беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешавад, ки бархеяшон намесабзанд.
Дар қатори сабабҳои насабзидани қисме аз ниҳолҳо, номусоидии боду ҳаво, нодуруст шинонидан, об надодан ва нигоҳубину парвариш накардан, зикр гардидаанд.
Мутахассисон изҳор медоранд, ки кандану интиқоли ниҳол аз як минтақа ба минтақаи дигар муҳлат дорад ва дар сабзишу нашъунамои он дар оянда нақши муҳим мебозад.
Таъкид гардидааст, ки ҳангоми шинонидани ниҳоли дарахтон бояд тарзу усули шинонидан риоя гардад.