https://sputnik.tj/20230306/siyarto-tahrim-rusiya-ziyon-rasondand-1055333922.html
Сиярто: Таҳримҳо ба Русия не, ба мо зиён расонданд
Сиярто: Таҳримҳо ба Русия не, ба мо зиён расонданд
Sputnik Тоҷикистон
Маҷористон муътақид аст, ки таҳримҳо аслиҳаи сиёсати низомии Брюссел мебошанд, ки нишонашон Русия буд, аммо худи Аврупо ҳадаф қарор гирифт
2023-03-06T14:00+0500
2023-03-06T14:00+0500
2023-03-06T14:00+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
иттиҳодияи аврупо
таҳрим
зиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/14/1032860075_0:282:3140:2048_1920x0_80_0_0_60c796d1fc4228adbc70786b30661320.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Роҳҳое, ки Иттиҳоди Аврупо барои ҳалли бӯҳрон дар Украина пеш гирифтааст, самара намдеиҳанд. Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярто дар суҳбат бо шабакаи телевизионии SVT изҳор дошта, таъкид намудаст, ки худи Аврупо зиён дида истодааст. Мақомдорони маҷористонӣ изҳор медоранд, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд ба мубориза бо таваррум тамаркуз кунад, на ҷорӣ кардани таҳримҳои нав, ки "силоҳи сиёсати низомӣ" алайҳи Русия аст. Қаблан нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан низ аз зиёни таҳримҳо алайҳи Русия барои худи Иттиҳоди Аврупо ҳушдор дод. Ба гуфтаи ӯ, "таҳримҳои Брюссел" як "вирус" аст, ки боиси бемории бо номи "таварруми таҳримӣ" дар Аврупо шудааст.Орбан ёдовар шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо "ваъда дод", ки таҳримҳо ба низоъ дар Украина хотима хоҳанд дод ва онҳо ба энержии Русия дахл нахоҳанд шуд, аммо дар ҳарду ҳолат ҳам кор сурати дигар гирифт.Мақомоти Маҷористон қаблан борҳо гуфта буданд, ки аз ҳеҷ гуна таҳримот алайҳи энержии Русия пуштибонӣ нахоҳанд кард.Ғарб ба далели амалиёти вижа дар Украина фишори таҳримот алайҳи Русияро афзоиш додааст. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан гуфта буд, ки сиёсати боздошт ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.
https://sputnik.tj/20230306/mukholifat-ima-muloqoti-putin-zelenskiy-1055328837.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/14/1032860075_409:0:3140:2048_1920x0_80_0_0_22c344b657adc8b37f9a3537fbbca584.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҷористон, таҳрим, русия, асар, ҳушдор
маҷористон, таҳрим, русия, асар, ҳушдор
Сиярто: Таҳримҳо ба Русия не, ба мо зиён расонданд
Маҷористон муътақид аст, ки таҳримҳо аслиҳаи сиёсати низомии Брюссел мебошанд, ки нишонашон Русия буд, аммо худи Аврупо ҳадаф қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Роҳҳое, ки Иттиҳоди Аврупо барои ҳалли бӯҳрон дар Украина пеш гирифтааст, самара намдеиҳанд.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярто дар суҳбат бо шабакаи телевизионии SVT изҳор дошта, таъкид намудаст, ки худи Аврупо зиён дида истодааст.
"Мо аллакай 10 бастаи таҳримотро ҷорӣ кардем, оё ин моро ба ҳаллу фасли низоъ наздиктар кард? Не. Оё Русияро ба зону зад? Не. Ин ба мо зиён расонд? Бале", - гуфт ӯ.
Мақомдорони маҷористонӣ изҳор медоранд, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд ба мубориза бо таваррум тамаркуз кунад, на ҷорӣ кардани таҳримҳои нав, ки "силоҳи сиёсати низомӣ" алайҳи Русия аст.
Қаблан нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан низ аз зиёни таҳримҳо алайҳи Русия барои худи Иттиҳоди Аврупо ҳушдор дод.
Ба гуфтаи ӯ, "таҳримҳои Брюссел" як "вирус" аст, ки боиси бемории бо номи "таварруми таҳримӣ" дар Аврупо шудааст.
Орбан ёдовар шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо "ваъда дод", ки таҳримҳо ба низоъ дар Украина хотима хоҳанд дод ва онҳо ба энержии Русия дахл нахоҳанд шуд, аммо дар ҳарду ҳолат ҳам кор сурати дигар гирифт.
Мақомоти Маҷористон қаблан борҳо гуфта буданд, ки аз ҳеҷ гуна таҳримот алайҳи энержии Русия пуштибонӣ нахоҳанд кард.
Ғарб ба далели амалиёти вижа дар Украина фишори таҳримот алайҳи Русияро афзоиш додааст. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан гуфта буд, ки сиёсати боздошт ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.