https://sputnik.tj/20230306/muhosirai-nazdik-sarboz-ukraini-artyomovsk-1055344103.html
Муҳосираи наздик ба 10 ҳазор сарбози украинӣ дар Артёмовск
Муҳосираи наздик ба 10 ҳазор сарбози украинӣ дар Артёмовск
Sputnik Тоҷикистон
Мушовири раҳбари Ҷумҳурии Марадумии Донетск гуфт дар шари Артёмовск наздик ба 10 ҳазор сарбози украинӣ дар муҳосира қарор гирифтааст
2023-03-06T18:40+0500
2023-03-06T18:40+0500
2023-03-06T18:40+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
сарбоз
муҳосираи низомиён
нерӯҳо
артиш
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/01/1054617247_0:582:2607:2048_1920x0_80_0_0_c8b818b4f0fc194d88748f3975d3485c.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар Артёмовск, ки дар муҳосираи оперативӣ қарор дорад, тақрибан 10 ҳазор низомии украинӣ ҳузур доранд, гуфт мушовири раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Донетск (ҶМД) Ян Гагин дар мусоҳиба дар шабакаи телевизионии "Россия".Тавре мушовири раҳбари ҶМД қайд кард, нерӯҳои Русия тамоми даромадгоҳҳои шаҳрро зери назорат доранд, аз ин рӯ, интиқоли лавозимоти ҷангӣ ва ҳамлу нақли низомиён барои ба ин шаҳр барои артиши Украина "мушкил ва хатарнок" шудааст.Ба гуфтаи вай, "дар минтақа як макони муҳосираи наве ба вуҷуд омадааст, ки онро метавон бо Дебалтсево ва ғайра муқоиса кард, ки қаблан нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар он "афтида" буданд”.Артемовск дар қисмати таҳти назорати Киев, дар шимоли шаҳри бузурги Горловка ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс аст.Қаблан муассиси гурӯҳи Вагнер Евгений Пригожин гуфта буд, ки сарбозон амалан шаҳрро дар муҳосира қарор доданд.Ахиран низ ду маъмури амниятии Украина эълон карданд, ки воҳидҳои онҳо дастури тарки ин шаҳрро гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20230306/prezident-farmondeh-neru-ukraina-tanish-1055332731.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/01/1054617247_128:461:2245:2048_1920x0_80_0_0_f182454c9606f918a81064d895879bf6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, муҳосира, артемовск, ҷмд, сарбоз, ҷанг
украина, русия, муҳосира, артемовск, ҷмд, сарбоз, ҷанг
Муҳосираи наздик ба 10 ҳазор сарбози украинӣ дар Артёмовск
Мушовири раҳбари Ҷумҳурии Марадумии Донетск гуфт дар шари Артёмовск наздик ба 10 ҳазор сарбози украинӣ дар муҳосира қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар Артёмовск, ки дар муҳосираи оперативӣ қарор дорад, тақрибан 10 ҳазор низомии украинӣ ҳузур доранд, гуфт мушовири раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Донетск (ҶМД) Ян Гагин дар мусоҳиба дар шабакаи телевизионии "Россия".
"Ҳоло дар Артемовск як гарнизони хеле бузург боқӣ мондааст - тақрибан даҳ ҳазор нафар, шояд каме бештар. Баъзе қисмҳо ин шаҳрро тарк карданд, баъзе қисмҳо талош доранд онро тарк намоянд. Айни замон тӯпҳои кӯшиш доранд онҳоро нобуд созанд", - гуфт ӯ.
Тавре мушовири раҳбари ҶМД қайд кард, нерӯҳои Русия тамоми даромадгоҳҳои шаҳрро зери назорат доранд, аз ин рӯ, интиқоли лавозимоти ҷангӣ ва ҳамлу нақли низомиён барои ба ин шаҳр барои артиши Украина "мушкил ва хатарнок" шудааст.
"Ман истисно намекунам, ки талош барои интиқоли аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангӣ ба Артемовск сурат мегирад. Инчунин кӯшишҳо барои баромадан аз муҳосира ва ратан ба сӯйи деҳаи Часов Яр анҷом дода мешавад”, — зикр кард Гагин.
Ба гуфтаи вай, "дар минтақа як макони муҳосираи наве ба вуҷуд омадааст, ки онро метавон бо Дебалтсево ва ғайра муқоиса кард, ки қаблан нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар он "афтида" буданд”.
Артемовск дар қисмати таҳти назорати Киев, дар шимоли шаҳри бузурги Горловка ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс аст.
Қаблан муассиси гурӯҳи Вагнер Евгений Пригожин гуфта буд, ки сарбозон амалан шаҳрро дар муҳосира қарор доданд.
Ахиран низ ду маъмури амниятии Украина эълон карданд, ки воҳидҳои онҳо дастури тарки ин шаҳрро гирифтаанд.