Дар Фархор алайҳи ҷавони артишгурез парванда кушоданд

© Sputnik / Сергей ПивоваровСлужба в армии
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2023
Обуна шудан
Синну соли ҷавон ба хизмати ҳарбӣ мувофиқат карда, амчунин санҷиши тиббӣ низ ба хизмати ҳарбӣ мувофиқ будани ӯро собит кард
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон як ҷавони саркаш аз хидмати ҳарбӣ маҳкум шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, сокини Фархор дар қайди комиссариати ҳарбии маҳаллӣ меистод ва ҳамчунин аз муоинаи тиббӣ низ гузашта буд.

"Муоинаи тиббӣ ба хизмати ҳарбӣ мувофиқ будани ӯро нишон дод", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, чун синну сол ва саломатии ҷавон барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ мувофиқ буд, аз ин рӯ кормандони комиссариат барои супоридани даъватнома назди ӯ омаданд, вале ҷавон фирор кард.
Зимнан, нисбати ҷавони артишгурез бар асоси моддаи 343 қисми 1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуд. Бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 1 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шуд.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон зикр кард, ки бо дастрасии моддаи 71 қисми 1 нисбати ӯ 1 сол мӯҳлати санҷишӣ таъин гардид.
Президент Таджикистана в учебном центре Погранвойск ГКНБ в Хороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2023
Фармони президент барои даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон имзо шуд
Дар Тоҷикистон ҷавононеро, ки қасдан намехоҳанд дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар хидмат кунанд, ҷаримаи ҳангуфт ва ҳамчунин маҳрумият аз озодӣ интизор аст.
Модоме ки ҷавони синни хидмат дар Тоҷикистон бо вуҷуди дастрас кардани даъватнома қасдан аз пайваст шудан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар саркашӣ мекунад, онҳо бояд аз 500 то 1000нишондиҳанда ҷарима супоранд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати ҷавоно ба сафи артишро тасвиб кард.
Бар асоси фармон, ба хизмати ҳарбӣ дар мавсими баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996 - 2005 даъват карда мешаванд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2023 аз сафи артиш ба эҳтиёт рухсат мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0