https://sputnik.tj/20230303/mishustin-zodruz-dushanbe-jashn-tojikiston-1055277141.html
Мишустин зодрӯзашро дар Душанбе ҷашн мегирад: барномаи рӯзи 2-юми сафар дар Тоҷикистон
Мишустин зодрӯзашро дар Душанбе ҷашн мегирад: барномаи рӯзи 2-юми сафар дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи дуюми сафари кории сарвазири Русия ба Тоҷикистон ба 57-умин солгарди мавлудаш рост омад. Бархе тафсилоти барномаи ин рӯз маълум шуданд
2023-03-03T10:20+0500
2023-03-03T10:20+0500
2023-03-03T10:25+0500
сафари михаил мишустин ба тоҷикистон - охирин хабарҳо
дар русия
душанбе
михаил мишустин
сарвазир
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/02/1055264114_0:596:2048:1748_1920x0_80_0_0_94fa3dfdbecd361a1db6ea6f3e696c7a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин рӯзи 3 март дар пойтахти Тоҷикистон як силсила мулоқотҳои муҳим баргузор мекунад. Яке аз асосиҳо - музокироти дуҷониба бо ҳамтои тоҷикаш мебошад, иттилоъ додаст ТАСС.Ба иттилои манбаъ, Мишустин бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, саноат, нақлиёт ва бахшҳои фарҳангиву гуманитариро баррасӣ мекунад. Суҳбат ҳам дар доираи маҳдуд ва ҳам дар доираи васеъ сурат хоҳад гирифт, таъкид кардаст манбаъ. Ҳамчунин, интизор меравад, ки Мишустин бо раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ низ дигарбора дидор кунад. Тибқи нақшаҳо, дар пайи натоиҷи ҳамаи тамосҳо дар ҷамъбасти рӯз бастаи асноди байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо хоҳанд шуд. Қобили зикр аст, ки Мишустин зодрӯзи худро дар Душанбе таҷлил мекунад. Сарвазири Русия 57-сола мешавад. Ин бори аввал нест, ки ӯ ин санаро дар ҷои кораш таҷлил мекунад.Сафари кории нахуствазири Русия ба Душанбе рӯзи дуюм аст, ки идома дорад. Рӯзи 2 март вай аллакай бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, дар ҷаласаи пленарии 9-уми конфронси ҳамкориҳои байниминтақавӣ "Шарикати тиҷоратӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон" суханронӣ кардааст. Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари Мишустин ба Душанбе ба ҳайси нахуствазир аст, аммо вай пайваста бо ҳамкасбони тоҷикистонӣ - ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар платформаҳои бисёрҷониба тамос мегирад.
https://sputnik.tj/20230302/rasulzoda-rusiya-va-tojikiston-boyad-hamkorihoi-tarikhiro-barqaror-namoyand-1055273158.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/02/1055264114_0:488:2048:2024_1920x0_80_0_0_b7ca7971f7fdd24bcda7ef9d9e4772dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барнома, сафар, корӣ, рӯз, дуюм, михаил мишустин
барнома, сафар, корӣ, рӯз, дуюм, михаил мишустин
Мишустин зодрӯзашро дар Душанбе ҷашн мегирад: барномаи рӯзи 2-юми сафар дар Тоҷикистон
10:20 03.03.2023 (Навсозишуда: 10:25 03.03.2023) Рӯзи дуюми сафари кории сарвазири Русия ба Тоҷикистон ба 57-умин солгарди мавлудаш рост омад. Бархе тафсилоти барномаи ин рӯз маълум шуданд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин рӯзи 3 март дар пойтахти Тоҷикистон як силсила мулоқотҳои муҳим баргузор мекунад.
Яке аз асосиҳо - музокироти дуҷониба бо ҳамтои тоҷикаш мебошад, иттилоъ додаст ТАСС.
Ба иттилои манбаъ, Мишустин бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, саноат, нақлиёт ва бахшҳои фарҳангиву гуманитариро баррасӣ мекунад.
Суҳбат ҳам дар доираи маҳдуд ва ҳам дар доираи васеъ сурат хоҳад гирифт, таъкид кардаст манбаъ.
Ҳамчунин, интизор меравад, ки Мишустин бо раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ низ дигарбора дидор кунад.
Тибқи нақшаҳо, дар пайи натоиҷи ҳамаи тамосҳо дар ҷамъбасти рӯз бастаи асноди байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки Мишустин зодрӯзи худро дар Душанбе таҷлил мекунад. Сарвазири Русия 57-сола мешавад. Ин бори аввал нест, ки ӯ ин санаро дар ҷои кораш таҷлил мекунад.
Сафари кории нахуствазири Русия ба Душанбе рӯзи дуюм аст, ки идома дорад. Рӯзи 2 март вай аллакай бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, дар ҷаласаи пленарии 9-уми конфронси ҳамкориҳои байниминтақавӣ "Шарикати тиҷоратӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон" суханронӣ кардааст.
Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари Мишустин ба Душанбе ба ҳайси нахуствазир аст, аммо вай пайваста бо ҳамкасбони тоҷикистонӣ - ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар платформаҳои бисёрҷониба тамос мегирад.