https://sputnik.tj/20230303/maliksho-nematzoda-hukumat-moh-mart-tavzeh-1055279362.html
Неъматзода қарори ҳукумат барои истироҳат дар моҳи мартро тавзеҳ дод: Чанд рӯз?
Неъматзода қарори ҳукумат барои истироҳат дар моҳи мартро тавзеҳ дод: Чанд рӯз?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қарори қаблии ҳукумат дар бораи рӯзҳои истироҳат дар моҳи мартро тавзеҳ дод
2023-03-03T11:45+0500
2023-03-03T11:45+0500
2023-03-03T11:48+0500
дар тоҷикистон
истироҳат
бахшида ба 8 март
қарор
ҳукумат
наврӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0a/1032244682_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_992efad2a63d4d4f8c22ee2d4bd38b3a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тоҷикистониён дар моҳи март дар маҷмуъ 13 рӯзи истироҳат хоҳанд дошт, иттилоъ дод раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, Маликшо Неъматзода. Ӯ бо нашри як иттилоия дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, тоҷикистониён дар айёми таҷлили Наврӯз 8 рӯз - аз 19 то 26 март истироҳат мекунанд.Тибқи қарори ҳукумат, 18 март, ки ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзи душанбе - 20 март истироҳатӣ ҳисобида мешавад, тавзеҳ дод Неъматзода. Бо назардошти рӯзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбеи моҳи март кормандони дорои реҷаи 5-рӯзаи корӣ ба 13 рӯзи истироҳат ҳуқуқ доранд, илова намуд ӯ. Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор дар мавриди рӯзҳои истироҳат бархе тағйирот ворид кард. Аз ҷумла тоҷикистониён дар соли 2023 рӯзҳои истироҳати пайиҳам бештар хоҳанд дошт. Бар асоси қарори ҳукумат рӯзи шанбеи 6 май ба душанбеи 8 май гузаронда хоҳад ва ҳамин тариқ тоҷикистониён дар солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 3 рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд дошт.Истироҳати серӯзаи дигар тоҷикистониёнро дар таҷлили Рӯзи Ваҳдат интизор аст. Ҳукумат истироҳати рӯзи шанбеи 24 июнро ба душанбеи 26 июни соли 2023 гузаронд. Ҳамин тариқ тоҷикистониён аз рӯзҳои 25, 26 ва 27 июн истироҳат хоҳанд дошт.Далели ин қарори ҳукумати Тоҷикистон талаботи моддаи 89-уми Кодекси меҳнати ҷумҳурӣ арзёбӣ мегарданд.Бар асоси банди 5-уми моддаи 89-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, агар рӯзи истироҳат ба иди ғайрикорӣ рост ояд, таътил ба рӯзи аввали кории баъд аз ид гузаронда мешавад.
https://sputnik.tj/20230301/tatil-bahori-tojikiston-ikhtisor-1055229727.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0a/1032244682_68:0:987:689_1920x0_80_0_0_91e21c8d2e0ce2f1b747cf7ae2481915.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, истироҳат, март, моҳ, рӯз
тоҷикистон, истироҳат, март, моҳ, рӯз
Неъматзода қарори ҳукумат барои истироҳат дар моҳи мартро тавзеҳ дод: Чанд рӯз?
11:45 03.03.2023 (Навсозишуда: 11:48 03.03.2023) Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қарори қаблии ҳукумат дар бораи рӯзҳои истироҳат дар моҳи мартро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тоҷикистониён дар моҳи март дар маҷмуъ 13 рӯзи истироҳат хоҳанд дошт, иттилоъ дод раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, Маликшо Неъматзода.
Ӯ бо нашри як иттилоия дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, тоҷикистониён дар айёми таҷлили Наврӯз 8 рӯз - аз 19 то 26 март истироҳат мекунанд.
Тибқи қарори ҳукумат, 18 март, ки ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзи душанбе - 20 март истироҳатӣ ҳисобида мешавад, тавзеҳ дод Неъматзода.
"Бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки реҷаи 5-рӯзаи ҳафтаи корӣ доранд, 8 март – Рӯзи Модар, 19; 20; 21; 22; 23; 24; 25 ва 26 март рӯзҳои истироҳатӣ ҳисобида мешаванд", - афзуд ӯ.
Бо назардошти рӯзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбеи моҳи март кормандони дорои реҷаи 5-рӯзаи корӣ ба 13 рӯзи истироҳат ҳуқуқ доранд, илова намуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор дар мавриди рӯзҳои истироҳат бархе тағйирот ворид кард.
Аз ҷумла тоҷикистониён дар соли 2023 рӯзҳои истироҳати пайиҳам бештар хоҳанд дошт.
Бар асоси қарори ҳукумат рӯзи шанбеи 6 май ба душанбеи 8 май гузаронда хоҳад ва ҳамин тариқ тоҷикистониён дар солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 3 рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд дошт.
Истироҳати серӯзаи дигар тоҷикистониёнро дар таҷлили Рӯзи Ваҳдат интизор аст. Ҳукумат истироҳати рӯзи шанбеи 24 июнро ба душанбеи 26 июни соли 2023 гузаронд. Ҳамин тариқ тоҷикистониён аз рӯзҳои 25, 26 ва 27 июн истироҳат хоҳанд дошт.
Далели ин қарори ҳукумати Тоҷикистон талаботи моддаи 89-уми Кодекси меҳнати ҷумҳурӣ арзёбӣ мегарданд.
Бар асоси банди 5-уми моддаи 89-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, агар рӯзи истироҳат ба иди ғайрикорӣ рост ояд, таътил ба рӯзи аввали кории баъд аз ид гузаронда мешавад.