Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар Русияву Аврупо бозоргир шудаанд - видео

Обуна шудан
Аз зардолу то мағзу мавиз ва себу ноку олуи қоқшуда ҳамагӣ хушкмеваҳои Тоҷикистон ҳастанд, ба фурӯшгоҳҳои бузурги кишварҳои хориҷ содир мешаванд
Содироти хушмеваҳои тоҷикӣ ба кишварҳои хориҷ асосан аз вилояти Суғд сурат мегирад
Бино ба гуфти масъулони Идораи омор, содироти чунин навъи мол тамоюли ру ба афзоиш будааст.
Умедахон Муродӣ, муовини сардори Сарраёсати омор дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки давоми соли гузашта 51,7 ҳазор тон хушкмева содир шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш ба андозаи 122,7 % зиёд шудааст.
Аз бозори Исфара то мағозаҳои Русияву Аврупо: хушкмеваҳои тоҷикӣ чигуна ба хориҷ мерасанд
Ин масъули Идораи омор гуфт, ки ҳаҷми гардиши савдо аз ҳисоби содироти хушкмеваҳо 25,3 млн доллар ҳисоб шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2021 1,6 баробар афзудааст.
“Меваҳои хушк асосан ба кишварҳои Русия, Белорус, Туркия, Ироқ, Қазоқистон ва дигар кишварҳо содир шудааст. Дар ин давра аз ҷумла ба Русия наздики 6 ҳазор тон хушкмева ба маблағи 13,3 млн доллар содир шудааст” - гуфт, Муродӣ.
Лентаи хабарҳо
0