Эмомалии Нуралӣ барандаи "Tashkent Grand Slam 2023" шуд - видео

© Foto / Федерация дзюдо ТаджикистанаТаджикский дзюдоист Эмомали Нурали
Таджикский дзюдоист Эмомали Нурали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2023
Обуна шудан
Паҳлавони тоҷик дар вазни то 66 кило ҳарифашро аз Ӯзбекистон шикаст дода, барандаи мусобиқаи "Tashkent Grand Slam 2023" шуд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ҷудокори ҷавони тоҷик, Эмомалии Нуралӣ дар мусобиқаи "Tashkent Grand Slam 2023" медали тилоро ба даст овард.
Ӯ дар финали мусобиқа бо паҳлавони Сардор Нуриллаеви 28-соларо зӯрозмоӣ кард ва ба ӯ пирӯз шуд. Ҳамин тавр оҳиби медали тило ва ғолиби мусобиқаи "Tashkent Grand Slam 2023" шуд.
Ба иттилои сомонаи "Варзиш", Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кило ҳарифонашро то финал шикаст дод.
Аз ҷумла дар даври аввал бар Ҳаким Агамамедов аз Туркманистон зафар ёфта, дар даври дуюм ҷудокори мизбон Бобур Вадҷиевро шикаст дод. Ҳариф дар даври сеюм ҷудокори фаронсавӣ Валид Хюар гардид, ки ӯ низ шикаст хӯрд.
Паҳлавони тоҷик дар даври нимниҳоӣ ҷудокори ӯзбек Мухриддин Тилововро шикаст дод.
Дар финали мусобиқа Эмомалии Нуралӣ бар Сардор Нуриллаеви 28-сола, ки ӯ соли 2021 дар "Tblisi Grand Slam" соҳиби нишони тило гардида буд ғолиб омад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистонро дар рӯзи аввали мусобиқаи Тошканд 5 ҷудокор Шукрона Қарчиева (-48 кг), Шоҳида Қаландарова (-57 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) ва Шаҳбоз Саидаброров ва Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг намояндагӣ карданд.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2023
Эмомалии Нуралӣ дар финали "Tashkent Grand Slam 2023"
Шукрона Қарчиева дар даври аввал аз ҷудокори мизбон Фотимахон Турсунбоева мағлуб шуда, Шоҳида Қаландарова дар даври дуюм аз Момо Тамаокии ҷопонӣ шикаст хӯрд.
Дар вазни то 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар даври аввал ҷудокори қирғиз Казюбек Чюнбековро шикаст дода, дар даври дуюм аз Дилшодбек Баротови ӯзбек шикаст хӯрдаст.
Шаҳбоз Саидабуроров дар даври аввал Эрбол Абасбекови қирғизро шикаст дод, лек дар даври дуюм аз ҷудокори мизбон Сардор Нуриллаев мағлуб шудааст.
Лентаи хабарҳо
0