https://sputnik.tj/20230303/bloomberg-isroil-eron-zarba-1055255984.html
Bloomberg: Исроил имкон дорад ба Эрон зарба занад
Bloomberg: Исроил имкон дорад ба Эрон зарба занад
Sputnik Тоҷикистон
Дар расонаҳои ҷаҳонӣ маълумот пайдо шуд, ки Эрон мехоҳад С-400-ро бигирад, аммо Исроил онро монеа барои ҳамлаи эҳтимолияш медонад
2023-03-03T09:03+0500
2023-03-03T09:03+0500
2023-03-03T09:03+0500
дар ҷаҳон
эрон
исроил
зарба
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/02/1055253057_0:116:3073:1844_1920x0_80_0_0_1380650c16370f3a01d0b94598af82c6.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Исроил метавонад ба Эрон ҳамла кунад, то Теҳронро аз дастрасӣ ба С-400 ҷилавгирӣ кунад, менависад Bloomberg бо такя ба манобеъи худ. Эрон мехоҳад системаҳои зиддимушакии С-400-и Русияро бигирад, ки Исроил онро монеа барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон медонад. Онҳо гӯё аз эҷоди эҳтимоли силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Эрон метарсанд. Аз ин рӯ эҳтимолияти ҳамларо ба назар мегиранд, навиштааст, нашрия. Афроди Исроил ва Иёлоти Муттаҳида ба ин манбаъ гуфтаанд, ки дурнамои ба даст овардани системаҳои С-400-и Эрон тасмими ҳамла аз Тел-Авивро суръат мебахшад.Ёдовар мешавем, ки қаблан кишварҳои ғарбӣ иддао мекарданд, ки Эрон гӯё барои амалиёти низомӣ дар Украина ба Федератсияи Русия ҳавопаймоҳои бесарнишинро таъмин мекунад, аммо далеле дар ин бора набуд. Маскав ва Теҳрон чунин иттиҳомотро рад карданд. Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия гуфт, мавзӯъи харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини ҷангии Русия аз Теҳрон ба таври сунъӣ ба расонаҳои Амрико андохта шудааст.Ҳамзамон вазири корҳои хориҷаи Эрон, Амир Абдуллоҳиён ахиран гуфт, ки то кунун кишварҳои ғарбӣ ягон далели воқеиро наовардаанд.
https://sputnik.tj/20230227/gharb-bozii-benatija-eron-hangoma-besarnishin-ukroin-1055187177.html
эрон
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/02/1055253057_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_65731f3a22d1da598d7db29a7b33e416.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
bloomberg исроил эрон зарба
bloomberg исроил эрон зарба
Bloomberg: Исроил имкон дорад ба Эрон зарба занад
Дар расонаҳои ҷаҳонӣ маълумот пайдо шуд, ки Эрон мехоҳад С-400-ро бигирад, аммо Исроил онро монеа барои ҳамлаи эҳтимолияш медонад
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Исроил метавонад ба Эрон ҳамла кунад, то Теҳронро аз дастрасӣ ба С-400 ҷилавгирӣ кунад, менависад Bloomberg бо такя ба манобеъи худ.
Эрон мехоҳад системаҳои зиддимушакии С-400-и Русияро бигирад, ки Исроил онро монеа барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон медонад.
Онҳо гӯё аз эҷоди эҳтимоли силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Эрон метарсанд. Аз ин рӯ эҳтимолияти ҳамларо ба назар мегиранд, навиштааст, нашрия.
Афроди Исроил ва Иёлоти Муттаҳида ба ин манбаъ гуфтаанд, ки дурнамои ба даст овардани системаҳои С-400-и Эрон тасмими ҳамла аз Тел-Авивро суръат мебахшад.
"Ҳар қадаре ки шумо интизор шавед, ҳамон қадар мушкилтар мешавад. Мо хеле зиёд интизор шудем. Метавонам бигӯям, ки ман ҳар кори аз дастам меомадаро мекунам, то Эрон аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ ҷилавгирӣ шавад", - навиштааст агентӣ ба нақл аз суханони сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу.
Ёдовар мешавем, ки қаблан кишварҳои ғарбӣ иддао мекарданд, ки Эрон гӯё барои амалиёти низомӣ дар Украина ба Федератсияи Русия ҳавопаймоҳои бесарнишинро таъмин мекунад, аммо далеле дар ин бора набуд.
Маскав ва Теҳрон чунин иттиҳомотро рад карданд. Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия гуфт, мавзӯъи харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини ҷангии Русия аз Теҳрон ба таври сунъӣ ба расонаҳои Амрико андохта шудааст.
Ҳамзамон вазири корҳои хориҷаи Эрон, Амир Абдуллоҳиён ахиран гуфт, ки то кунун кишварҳои ғарбӣ ягон далели воқеиро наовардаанд.