https://sputnik.tj/20230302/smm-afghoniston-rukudi-iqtisodi-tajriba-1055244884.html
СММ: Афғонистон дар 18 моҳи гузашта рукуди иқтисодии шадидро таҷриба кардааст
СММ: Афғонистон дар 18 моҳи гузашта рукуди иқтисодии шадидро таҷриба кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Муовини намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Афғонистон, гуфтааст, ки ин кишвар дар соли равон бо буҳрони башарӣ рӯ ба рӯ аст
2023-03-02T09:00+0500
2023-03-02T09:00+0500
2023-03-02T09:00+0500
афғонистон
иқтисод
осиёи марказӣ
фақр
толибон
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0e/1054918931_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_34b656a739242d0a0d1931071a6089b9.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Афғонистон дар соли равони милодӣ бо буҳрони башарии рӯ ба рӯ аст, гуфт муовини намояндаи вижаи дабирикули Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ромиз Алокбаруф.Ба гуфтаи вай, тавлиди нохолиси дохилии Афғонистон дар тӯли яку ним сол ҳукумати Аморати Исломӣ ба таври бе собиқае коҳиш ёфта ва беш аз 700 ҳазор нафари шуғл аз байн рафтааст.Ба гуфта Алокбаруф, пас аз таъсиси Аморати Исломӣ, тавлиди нохолиси дохилии Афғонистони аз 30 то 35 дарсад коҳиш ёфт ва вазъияти иқтисодии Афғонистони рӯ ба вихомат аст.Муовини намояндаи вижаи дабири кулли СММ ҳамчунин гуфт, ки иҷрои маҳдудиятҳои ахири Аморати Исломӣ ба вижаи мамнуъияти кори занон шомили заноне ки бо СММ кор мекунанд намешавад.Вай ҳамчунин афзуд, дар ҳоле ки дар Афғонистон кор вуҷуд надорад, ҳудуди 65 дарсади мардуми ин кишвар ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд ва миллионҳо нафар дар остонаи қаҳтӣ қарор доранд.Чанде пеш ниҳоди вижаи Амрикое барои бозсозии Афғонистони “SIGAR” аз эҳтимоли коҳиши чаҳор миллиард долларии тавлиди нохолиси дохилии Афғонистон хабар дод ва гуфт, ки дар соли 2023 ҳудуди 900 ҳазор шуғл дар Афғонистон аз байн хоҳад рафт.Пеш аз ин Бонки ҷаҳонӣ эълом карда буд, ки то поёни соли 2022 тавлиди нохолиси дохилии Афғонистони 30 дарсад коҳиш меёбад.
https://sputnik.tj/20230227/smm-khostori-kumak-bashardustona-afghoniston-1055205749.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0e/1054918931_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_329df1aeed6672d8d5424108c0062676.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, смм, рукуд, иқтисодӣ, таҷриба, буҳрон, башарӣ, толибҳо
афғонистон, смм, рукуд, иқтисодӣ, таҷриба, буҳрон, башарӣ, толибҳо
СММ: Афғонистон дар 18 моҳи гузашта рукуди иқтисодии шадидро таҷриба кардааст
Муовини намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Афғонистон, гуфтааст, ки ин кишвар дар соли равон бо буҳрони башарӣ рӯ ба рӯ аст
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Афғонистон дар соли равони милодӣ бо буҳрони башарии рӯ ба рӯ аст, гуфт муовини намояндаи вижаи дабирикули Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ромиз Алокбаруф.
Ба гуфтаи вай, тавлиди нохолиси дохилии Афғонистон дар тӯли яку ним сол ҳукумати Аморати Исломӣ ба таври бе собиқае коҳиш ёфта ва беш аз 700 ҳазор нафари шуғл аз байн рафтааст.
Ба гуфта Алокбаруф, пас аз таъсиси Аморати Исломӣ, тавлиди нохолиси дохилии Афғонистони аз 30 то 35 дарсад коҳиш ёфт ва вазъияти иқтисодии Афғонистони рӯ ба вихомат аст.
Муовини намояндаи вижаи дабири кулли СММ ҳамчунин гуфт, ки иҷрои маҳдудиятҳои ахири Аморати Исломӣ ба вижаи мамнуъияти кори занон шомили заноне ки бо СММ кор мекунанд намешавад.
Вай ҳамчунин афзуд, дар ҳоле ки дар Афғонистон кор вуҷуд надорад, ҳудуди 65 дарсади мардуми ин кишвар ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд ва миллионҳо нафар дар остонаи қаҳтӣ қарор доранд.
Чанде пеш ниҳоди вижаи Амрикое барои бозсозии Афғонистони “SIGAR” аз эҳтимоли коҳиши чаҳор миллиард долларии тавлиди нохолиси дохилии Афғонистон хабар дод ва гуфт, ки дар соли 2023 ҳудуди 900 ҳазор шуғл дар Афғонистон аз байн хоҳад рафт.
Пеш аз ин Бонки ҷаҳонӣ эълом карда буд, ки то поёни соли 2022 тавлиди нохолиси дохилии Афғонистони 30 дарсад коҳиш меёбад.