Рақиби Одилов дар ACA 153 боз иваз шуд

© Youtube / ACA MMAФаридун Одилов
Фаридун Одилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Обуна шудан
Дар аввал Рақиби Одилом варзишгари рус Виталий Немчинов буд, ки маҷрӯҳ шуд ва ба ҷои ӯ Вагнер Прадоро таъйин карданду ӯ ни гирифтори коронавирус шуд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Варзишгари тоҷик Фаридун Одилов дар мусобиқаи ACA 153 барои бори дуввум рақибашро иваз кард, хабар медиҳад sports.tj.
"Ман ду рақиб доштам. Аввал Виталий Немчинов маҷрӯҳ шуд ва баъд бразилӣ [Вагнер Прадо] ба бемории ковид гирифтор шуд. Боз ҳам рақиби ман дар муддати кӯтоҳ ба майдон мебарояд", - шарҳ дод варзишгари тоҷик.
Ҳамакнун рақиби нави ӯ Наталисио Филюи, ки он ҳам бразилӣ аст, таъин шуд.
То кунун Терминатори тоҷик дар корномааш 19 ғалаба ва 7 бохт дорад. Ҳарифи нави ӯ бошад, 15 пирӯзӣ, 2 бохт ва 2 мусовӣ дорад.
Мусобиқаи ACA 153 рӯзи 9 март дар Маскав баргузор мешавад.
Фаридун Одилов против Амира Нури - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2023
Терминатори тоҷик эрониро дар даври аввал "нокаут" кард: видео
Ёдовар мешавем, ки Одилов моҳи декабри соли 2022 бо ширкати промоутерӣ Absolute Championship Akhmat шартнома баст.
Тибқи шартҳои шартнома, дар доираи лига ӯ бояд 6 қувваозмоӣ гузаронад. Нахустин набарди ӯ бо намояндаи Эрон Амир Нурӣ буд.
Размикори тоҷик аллакай дар набарди аввал тавонист, ки рақобатро дар шашкунҷа бар ҳарифаш пеш аз муҳлат бибарад. Рақобат камтар аз як дақиқа давом кард.
Лентаи хабарҳо
0