Раҳмон дар Вазорати саноат тағйироти кадрӣ анҷом дод: кӣ омаду кӣ рафт?

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон, президент Таджикистана
Эмомали Рахмон, президент Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Обуна шудан
Моҳи март бо фармонҳои ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иваз кардани раҳбарони ду раёсати Тоҷикистон ва вазорати иқтисод оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи тағйироти кадрӣ дар бахшҳои саноат ва иқтисод якбора чанд санадро имзо кард.
Дар ин бора давтари матбуотии президенти кишвар гузориш медиҳад.
Ҳамин тавр, тибқи фармони сарвари давлат, 2 марти соли 2023 муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Умед Солеҳзода аз мақомаш маҳрум шуд.
Ба ин мақом аллакай фарди нав таъйин шуд. Ҳамакнун ба ҷойи Солеҳзода муовини вазир Бахтиёр Сафарзода омад.
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Баҳои Раҳмон ба кори вазорати саноат ва дастур ба Шералӣ Кабир
Бо амри Эмомалӣ Раҳмон Қурбонзода Исоҷон Ятим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон шуд.
Ин мақомро ҳамакнун Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло раҳбарӣ мекунад.
Ҳамчунин Раҳмон Назар Азиз Савзалиро ба вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар гузоштааст.
Илова бар ин, тағйироти кадрӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон низ таъсир гузоштааст. Ҳукумат Аҳлиддин Нуриддинзодаро муовини нави вазир таъин кард.
Лентаи хабарҳо
0