Премьер-министр РФ М. Мишустин спускается по трапу - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Боздиди сарвазири Русия аз Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3 март дар назар аст

Раҳмон бо Мишустин дар Душанбе чиро баррасӣ кард?

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ М. Мишустин и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Премьер-министр РФ М. Мишустин и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Обуна шудан
Русия муносибатҳои Маскав бо Душанберо, ки ба анъанаҳои эҳтироми ҳамдигар ва дӯстии таърихӣ асос ёфтааст, самимона қадр мекунад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Русия Михаил Мишустинро дидору гуфтугӯ кард.
Тарафҳо дар бораи масъалаҳои муҳими рушду ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд. Зикр гардид, ки Русия муносибатҳоро бо Тоҷикистон ба эҳтироми ҳамдигар ва дӯстӣ арҷ мегузорад.
Сарвазири Русия Эмомалӣ Раҳмонро самимона хайрамақдам гуфта, аз ӯ барои истиқболи самимӣ ба ҳайати бузурги Русия изҳори сипос кард.
Рабочий визит премьер-министра РФ М. Мишустина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Раиси шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо сарвазири Русия аз мактаби русӣ боздид карданд
Мишустин таъкид кард, ки равобити Маскав бо Душанбе ба анъанаҳои эҳтироми мутақобила ва дӯстии таърихӣ асос ёфтааст ва ҷониби Русия онҳоро самимона қадр мекунад.
"Мо муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқӣ бо Тоҷикистонро самимона қадр мекунем. Муносибатҳо бо анъанаҳои дӯстии таърихӣ, эҳтироми мутақобилаи мардумони дӯсти мо асос ёфтаанд", - таъкид кард Мишустин.
Сарвазир ҳамчунин саломи раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро ба раҳбари Тоҷикистон расонд.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки раҳбари Тоҷикистон бо сарвазири Русия доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишварро баррасӣ қкарданд.
Аз ҷараёни мусбати равобити ду кишвар дар бисёр соҳаҳои ҳамкорӣ, бахусус дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкории зичи ҷонибҳо дар бахши амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Министр экономического развития РФ Максим Решетников  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Решетников: Русия содироти бархе аз молҳоро ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад дод
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвар мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
"Дар соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 23,7 дарсад афзоиш ёфта, 1 миллиард 674 миллион долларро ташкил дод", - таъкид кардааст манбаъ.
кишвардори Тоҷикистон бо сарвазири Русия дар бораи имконоти бузурги ҳарду кишвар ҷиҳати афзоиши тиҷорати мутақобила ва якҷоя амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузории барои ҷонибҳо судманд, андешаронӣ сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳои дар соҳаи гуманитарӣ бадастомада баҳои баланд дод. Ҳамзамон бо ин ба густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ изҳори ҳавасмандӣ кардааст.
қайд карда шудааст, ки дар рафти суҳбат ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0