Путин ҳамла ба Брянскро амали террористӣ хонд

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Обуна шудан
Кишвардори Русия ҳамлаи ахири ҷангҷӯёни украиниро, ба рустоҳои марзии ин кишвар ба хусус ба деҳаи Любечанро боз як ҷинояткорӣ украиниҳо донист
ДУШАНБЕ, 2 март — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамла ба вилояти Брянски Русияро ҳамчун як ҳамлаи террористӣ арзёбӣ кард.
Кишвардори Русия дар маросими ифтитоҳи Соли омӯзгор ва мураббӣ ҳодисаҳои дар минтақа рухдодаро "як амали террористӣ, ҷинояти дигар" аз сӯйи неруҳои Украина номид.
"Онҳо диданд, ки ин як мошини ғайринизомӣ аст, диданд, ки дар он ҷо ғайринизомиён ва кӯдакон ҳастанд, аммо на ба “Нива”-и оддӣ, оташ кушоданд", - гуфт Путин.
Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои иктишофи ва тахрибкори украинӣ вориди деҳаи Любечан шуданд. Онҳо ба сӯи мошинҳои мардуми осоишта оташ кушоданд, як сокини маҳаллӣ кушта ва як кӯдаки дигар захмӣ шуд.
Бронежилет и рация сотрудника ФСБ РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Низомиёни Русия ба нобудсозии нерӯҳои милатгарои украинӣ дар вилояти Брянск оғоз карданд
Дар ҳамин маҳалла чанд нафарро дар як мағозаи маҳаллӣ низ гаравгон гирифтанд.
Ба гуфтаи губернатори вилоят Александр Богомаз, нерӯҳои амниятӣ барои нобуд кардани нерӯҳои украинӣ тамоми чораҳои заруриро анҷом медиҳанд.
Дар деҳаи ҳамсояи Сушанӣ, ки дар ноҳияи Климовск воқеъ аст, бар асари таркиши хумпора аз паҳпод як бинои истиқоматӣ оташ гирифт. Дар ҷойи ҳодиса муфаттишон ва хадамоти фаврӣ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0